Теъдоди китобҳои электронии Китобхонаи миллӣ ба беш аз 319 ҳазор расидааст

 Дар нуҳ моҳи сипаришуда кормандони шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ 1 480 нусха китоб дар ҳаҷми 500 750 саҳифа нусхабардорӣ ва ба шакли PDF баргардониданд. Китобҳои омодашуда ба сервери ftp, бойгонии китобҳои электронии Китобхона аст, ҷойгир карда шуд. Китобҳои электронии Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон ба 319 202 адад расонида шуд, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, тибқи соҳаҳо дар базаи маълумотӣ ва махзани Китобхонаи электронӣ ҷобаҷогузорӣ шудаанд.

 Аз рӯ ба рӯзи дигар толибони китобҳои элект ронӣ меафзоянд. Ҳар рӯз аз 360 то 550 нафар хонандагон вориди толори хониши электронӣ мешаванд. Аз ҷумла, зарфи нуҳ моҳи охир ба 72 700 нафар хонанда дар толори хониши электронӣ хизмат расонида шудааст. Аз ин миқдор 4 480 нафар аспирантҳо, 57 600 нафар донишҷўёни мактабҳои олӣ ва 10 620 нафар хонандагони мактабҳои миёна мебошанд. Муштариёни толори электронӣ 290 800 маводи электронӣ истифода кардаанд.

 Сомонаи “Кўдакона”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои дастёбии хонандагони то синни мактабӣ омода ва ба истифодаи санҷишӣ пешниҳод гардид.

 Веб-барномаи “Барўйхатгирии теъдоди хонандагон”-и толорҳои хониши Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои дастёбӣ ба шумораи хонандагони толорҳои хониш ба таври онлайн омода ва фаъол аст.

 Веб-барномаи Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон тавассути домени www.nlt.tj, elib.nlt.tj мавриди дастрасӣ ва истифодаи хонандагони беруна қарор дорад. Тибқи омори веб-барномаи Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2019 зиёда аз 2 300 нафар дар он худро сабти ном карда, 55 230 хонандаи маҷозӣ аз веб-барномаи мазкур васеъ истифода намудаанд. Инчунин, бо мактубҳои дархостӣ ба як қатор сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ зиёда аз 15 300 нусхаи электронии китоб ва маводи электронии таълимӣ, аз ҷумла: 3 920 адад китоби электронии бадеӣ ва соҳавӣ ба китобхонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 480 адад китоби электронии бадеӣ ва дарсии бачагона ба китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор, як теъдоди дигар зимни сафари хидматии ҳайати мутахассисони Китобхона ба ВМКБ ба китобхонаҳои вилоят ва 8 200 адад ба хонандагони муроҷиаткарда расонида шуд.