Ширкати кормандони Китобхонаи миллӣ дар конфронси ҷумхуриявии илмӣ-назариявӣ

 

   Тибқи як анъана ҳар сол Китобхонаи патенти техникии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи китоб» конфронси ҷумхуриявии илмӣ-назариявии баргузор мекунад. Ва имсол низ дар рӯзҳои Ҳафтаи китоб ду нафар аз кормандони Китобхонаи миллӣ дар ҳамин ҳамоиш ширкат намуданд. Ин 6-умин семинари ҷумҳурявии китобдорони ҷавон буд, ки  дар он  намоядагони китобхонаҳо аз саросари ҷумҳурӣ даъват шуда буданд.  

Дар анҷоми семинари Ҷумҳуряви ба як қатор кормандони ҷавони китобдор туфаҳо ва ифтихорномаҳо тақдим шуд, ки дар қатори онҳо кормандони Китобхонаи миллӣ низ буданд.

Шариф Наботов  

шуъбаи хизматрасонии библиографӣ.