Гар биҳишти нақд бошад модар аст...
Нашр шуд 2019-03-06 16:45
Модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ў пеши назар меояд, аз чашмони ў, балки аз тамоми ҳастияш нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар аз ҳама қиматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастист. Мехри беҳамтои модар ба мисли хуршед дар рўз ва мисли моҳтоб дар шаб шуъла мезанад, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳо пурҷўшест, ки ташту биёбонро гулистон мекунад.
Бузургон гуфтаанд: «Дар хонае, ки зан –модар нест, хушӣ ва рушной вуҷуд ндорад, бинобар ин занон шамъу чароғи хонадонанд». Бале модари азизи мо шаъми хонадони мост ва: «занон дар тарғиби арзишхои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ҳиссаи муносиб мегузорад ва ба ин восита мақоми зан-модар, ки пешбарандаи чаъмият нуру зиёи хаёт ва асоси бахту тарбияи фарзанд масъул мебошад ва танхо бо меҳру муҳаббат, сухани нарму беолоишу шоистаи модарон фарзандон дуруст ба камол расида, обруй оиларо дар миёни хешу табор, аҳли ҷомеа ва берун аз он баланд мебардорад».
Дар ҷаҳон гар бахш бошад, модар аст.
Гар биҳишти нақд бошад модар аст,
Давлати мо тахт –бошад, модар аст.
Модар асту модар асту модар аст.
Он, ки бар руй ҷаҳон орад туро.
Он, ки бар умраш наёзорад туро,
Он, ки аз ҷон дўсттар дорад туро.
Модар асту модар асту модар аст.
Занон офарандагони ҳаётанд ва аз азал дар бунёд гузоштану обод кардани зиндагии инсоният нақши бориз дорад. Занони бо маърифату бунёдкор дар қутбҳои гуногуни ҳаёт чун ситораҳои тобон дурахшида, роҳи инсониятро суйй инкишофу камолот рўшан карданд.
Аз қадим то имрўз занон буданду ҳастанд, ки сарварии қавму қабила ва мулку мамлакатҳоро ба дўш доштанд ва халқу кишварҳояшонро ба пояҳои тараққиёт расоданд. Ба зани точик аз ҳама ғурури модариву дилбарӣ, покиву некӣ ва масъулияти бузурги оиладориву ватанхоҳӣ хос аст.
Маҳз ҳамин хислатҳо адибони оламшумуламонро баҳри олитарини суханҳо дар дар васфи зан илҳоми зиёд бахшидаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуданд: “Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст. Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад. Агар ободиву суботи ҷомеаро осоишу оромии ҳар як оила таъмин намояд, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан – модар сарчашма мегирад”.
Шариф Наботов,
мутахассиси шуъбаи хизматрасонии библиографӣ