Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нўш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукўҳ аз осмон, борандагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ оварду зан офарид, то ҷаҳонро равшвну мунавар гардонаду инсониятро хушбахт.
Модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ў пеши назар меояд, аз чашмони ў, балки аз тамоми ҳастияш нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёт буда, аз ҳама қиматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастист. Мехри беҳамтои модар ба мисли хуршед дар рўз ва мисли моҳтоб дар шаб шуъла мезанад, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳо пурҷўшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан вожаи «Модар» аст.
Асосгузорӣ сулҳу ваҳдатӣ миллӣ Пешвои милат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ дар яке аз паёмҳои табрикотии худ ба муносибати таҷлили рўзи модар изҳор намуда буданд. «Бо сиришти поки инсонӣ, фазилати накўгаҳварӣ занон фарҳангӣ ҷомеаи моро пеш бурда, дар он тухми ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро кошта, онро пояндаву устувор ва ҷовидонаву давомдор нигаҳ медорад”.
Модар олиҳаи ҳаёт дар зиндагии ҳар як шахс ба шумор меравад. Имрӯзҳо занони кишвари мо ҳуқуқи ширкат дар ҳама сохторхои давлатиро сохибанд ва албатта, кам нестанд теъдоди занони сиёсатмадор, ки дар умруи давлатӣ фаъолият мекунад. Агар аз дигар зовия бингарем, дармеёбем, ки ин аз мақоми занон дар мақомоти қудратию давлатии Тоҷкиистон рўз аз рўз афзун гашта истодааст, ки ин мақҳоми шоиста доштани онҳо дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. Занон дар ҷомеаи муосири Тохикистон соҳибҳуқуқу соҳибраъянд, зеро «истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мақей устувори зан-модар дар ҷомеа хамаи имкониятҳои заруриро фароҳам овард ва занони кавииродаи моро ба арсаи васеъи сиёсат ворид намуд»
Бузургон гуфтаанд: «Дар хонае, ки зан –модар нест, хушӣ ва рушноӣ вуҷуд надорад, бинобар ин занон шамъу чароғи хонадонанд». Бале модари азази мо шаъми хонадони мост ва «занон дар тарғиби арзишхои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарханги хонаводагӣ ҳиссаи муносиб мегузорад ва ба ин восита мақоми зан-модар, ки пешбарандаи чаъмият нуру зиёи хаёт ва асоси бахту тарбияи фарзанд масъул меъошад ва танхо бо мехру муҳаббат, сухани нарму беолоиш ва пиндори шоистаи модарон фарзандон дуруст ба камол расида, обруй оиларо дар миёни хешу табор, аҳли ҷомеа ва берун аз он баланд мебардорад.
Дару девор ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.
Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд,
Ғами дунёи нави кўҳна ҳама бори зан аст.
Бонувон бо меҳри модаронаашон ба тарбияи фарзандон ва устувор намудани хонадон машғул гардида, таҳкими оила ва баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш медонанд ва бо отифият, самимият, лутфу муҳаббат ва садокату шарофати худ номи зан-модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд.
Шариф Наботов
Мутахассиси Шуъбаи
хизматрасонии билиографӣ