Шавкат Ниёзӣ, бародари Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ дар синни 92-солагӣ аз олам даргузашт

Муҳаққиқ, адабиётшинос, адиби маъруф, профессор Шавкат Ниёзӣ дар синни 92-солагӣ бар асари беморӣ дар шаҳри Москав аз олам даргузашт. Шавкат Низӣ бародари Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ аст, ки умре дар Москав мезист ва ҳоло наздиконаш мехоҳанд ӯро дар шаҳри Душанбе ба хок биспоранд. Адабиётшиноси маъруф шаби гузашта дар манзили худ воқеъ дар шаҳри Москав тарки дунё кардааст.

МУҲАҚҚИҚ ВА МУБАЛИҒИ СОДИҚИ АДАБИЁТ

Устоди мо, профессор Воҳид Асрорӣ ҳангоми муаррифии адабиёти халқҳои собиқи шӯравӣ дар доираи курси «Адабиёти халқҳои СССР», дар шумули донишмандони рус ва чанд тан аз олимони тоҷик, ки оид ба робитаҳои адабӣ пажуҳиш бурдаанд, бо ифтихор номи Шавкат Ниёзиро зикр намуда, эшонро ба сифати вакили донишманд ва намояндаи боэътимоди тоҷикон дар Иттифоқи нависандагони СССР муаррифӣ мекарданд.

Шунидаҳои он замон, хондаҳои баъдӣ ва иттилоъ аз санаи мубораки 90-солагии умри ин донишманди фарохназар ангезае гардид, ки ба рӯзгор ва пайкори фиристодаи донову тавоно руҷӯи кӯтоҳе шавад.

Шавкат Ниёзӣ 19-уми декабри соли 1927 дар шаҳри бостонии Самарқанд ба дунё омада, ДДОТ ба номи С. Айнӣ (Институти давлатии педагогии Душанбе)-ро хатм намуда, дар донишкадаи мазкур ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз бахшид.

Аз ҳамин давра дар радифи кори омӯзгорӣ ба пажӯҳиши илмӣ иштиёқи бештар пайдо намуд ва бо таълифи мақолаҳои танқидии адабӣ ва нашри муттасили онҳо дар матбуот ба сифати муҳаққиқи умедбахши адабиёт худро муаррифӣ кард. Мақолаҳои ин замон таълифнамудаи ӯ ба масъалаҳои таърихи адабиёти классикӣ ва даврони шӯравии тоҷик ва ҳамзамон адабиёти халқҳои бародар ихтисос доштанд.

Оғози фаъолияти доманадор ва босамари Шавкат Ниёзӣ дар шаҳри Москав, ки ба давраи хатми аспирантура иртибот мегирад ва таърихчаи худро дорад. Расул Ҳодизода ёдовар шудааст, ки «Ёд дорам, соли 1957 Шавкат Ниёзӣ акнун аспирантураро дар Москав тамом карда буд. Институте, ки ӯро ба таҳсили аспирантура фиристода буд, мунтазири омадани ӯ буд: он солҳо кадрҳо хеле кам буданд. Аммо Мирзо Турсунзода ӯро даъват намуда, хеле суҳбат карданд, гапро фаҳмонданд ва ниҳоят, розӣ кунонданд, ки дар Москав, дар аппарати Иттифоқи нависандагони СССР ба иҷрои вазифаи мушовири адабиёти советии тоҷик монад. Дар зарфи чандин сол ба ин вазифа номзадеро ҷустуҷӯ мекарданд. Шавкат Ниёзӣ зарурат ва масъулияти ин кору вазифаи калонро ҳис намуда, иҷрои онро ба уҳда гирифт… Ӯ донист, ки ин вазифаи бошараф як соҳаи муҳими адабиёти тоҷик ва умуман, адабиёти сермиллати мост. Аз иҷрои ҷонсупорона ва поквиҷдононааш дар ин вазифа бисёр манфиатҳо барои кори умум ҳосил хоҳад шуд».

Нӯқтаи ҷолиб дар ин навишта он аст, ки Мирзо Турсунзода бо вуҷуди огоҳӣ аз камбудии мутахассисон дар мактабҳои олии Тоҷикистон ҳузури доимии як намояндаи ҷавобгӯ ба талаботи замонро дар Иттифоқи нависандагони СССР воҷиб донистанд ва чун роҳбар ва эҷодкори дурандеш дар интихоби намоянда иштибоҳ накарданд.

Минбаъд, онҳо дар мувофиқа ҷиҳати муаррифии адабиёти классикӣ ва замони нави тоҷикӣ дар арсаи умумииттифоқ хизмати шоистаро анҷом доданд. Бо ибтикори онҳо дар Москва, Ленинград ва дигар шаҳрҳо чорабиниҳои бошукӯҳи адабӣ ва фарҳангӣ роҳандозӣ гардида, бо ташкил ва созмон додани санаҳои таърихии ба адибони тоҷик иртиботдошта, адабу фарҳанги тоҷикӣ таблиғ шуд, тарҷумаи осори шоирону нависандагони мо бо забони русӣ ва забонҳои дигар вусъати тоза пайдо кард ва дар нашрияҳои бонуфузи даврони шӯравӣ - «Дружба народов», «Вопросы литературы», «Иностранная литература», «Роман-газета», «Литературная газета», «Комсомольская правда» назму насри эҷодкорон ва мақолаҳои илмии олимони тоҷик ба табъ расида, дар рӯзномаҳои «Правда» ва «Известия» масъалаҳои умдаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ иртиботдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин самт хидматҳои ба манфиати адабиёт, фарҳанг ва илми тоҷик анҷомдодаи Шавкат Ниёзиро метавон идомаи роҳ ва мақсадҳои наҷиби аллома Бобоҷон Ғафуров арзёбӣ намуд.

Шавкат Ниёзӣ бар иловаи иҷрои вазифаи пурмасъулият дар Иттифоқи нависандагони СССР, ки зиёда аз 40 сол идома дошт, ба сифати дотсенти Институти давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарский тариқи хондани лексия ва гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар тарбияи ҳунармандони санъати театрии тоҷик саҳм гузоштааст.

Ба эътибори навиштаи Расул Ҳодизода «Ӯ дар институти номдори мамлакати мо барои артистони ояндаи тоҷик аз курси нутқи саҳнавӣ лексия ва машғулияти амалӣ мегузаронд. Вай танҳо ба лексия ва ихтисоси худ маҳдуд намешуд, балки барои онҳо пиесаҳои беҳтарини классикии моро тарҷума мекард, дар репетитсия ва корҳои амалии тайёрии онҳо вақт ёфта иштирок мекард. Муаллимони номии ин институт ҳар дарсу имтиҳонҳои худро бе иштироки Шавкат Ниёзӣ намегузарониданд. Аз ин сабаб аст, ки бисёр артистони забардасти мо – хатмкунандагони Институти ба номи Луначарский ӯро бо эҳтироми самимӣ «Муаллим» мегуянд».

Санаҳои рӯзгори Шавкат Ниёзӣ далелеро бозгӯ менамояд, ки метавонист сабаби таваҷҷуҳи ӯ ба мавзӯи инъикоси воқеоти ҷанг дар назми эпикии тоҷик гардад.

Ниёзӣ таҳқиқи ин мавзӯъро бо таълифи мақолаҳои ҷудогона, бо гунаи «Баъзе хусусиятҳои назми эпикии тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Достонҳои замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Назми тоҷик дар хизмати Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва ғайра ҷараён дода, натиҷаи пажӯҳиши тадриҷии худро бо таълифи монографияи «Назми эпикии советии тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1968) ҷамъбаст кардааст.

Ин монографияи Шавкат Ниёзӣ дар адабиётшиносии тоҷик аз асарҳои муҳими илмӣ шуморида шудааст. Нусхаҳои дар хазинаи китобхонаҳо будаи ин асар гувоҳ ба он аст, ки дар доираи васеи истифодабарандагон қарор дошта, дар баррасии минбаъдаи ин мавзӯи муҳим хидмат кардааст. Бо дарназардошти пажӯҳишгари эътирофшудаи адабиёти давраи ҷанг (назми замони ҷанг) будани Шавкат Ниёзӣ эшонро дар кори таълифи асари шашҷилдаи «Таърихи адабиёти советии сермиллат» дар шумули донишмандони дигари тоҷик Х.Отахонова ва Л.Демидчик ҷалб намуданд ва яке аз фаслҳои умдаи он дар ҷилди 3-юм ба қалами Шавкат Ниёзӣ мансуб мебошад.

Хидмати дигари мондагор, ки аз ҷониби Шавкат Ниёзӣ ба сомон расидааст тариқи мақолаҳои арзишманд адабиёти тоҷикро берун аз ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ташвиқ кардан аст. Нашри осори Мирзо Турсунзода ба забони русӣ низ ба саъйи Шавкат Ниёзӣ сурат гирифтааст. Нахустин бор дар ин дуҷилда як силсила мақолаҳои илмӣ ва публитсистии шоир дохил гардидааст.

Оид ба хидматҳои мондагори Шавкат Ниёзӣ дар роҳи таблиғи адабу фарҳанги миллӣ, тарҷума ва нашри осори адибони тоҷик ба забони русӣ ва забонҳои хориҷӣ, фаъолияти босамари ташкилотчигии ӯ дар иртибот ба санаҳои мубораки умри эшон донишмандони ватаниву хориҷӣ ибрози андеша намудаанд. Бардошти ягона дар ин навиштаҳо зикри хидмати содиқона ба адабиёт ва адабу фарҳанги миллӣ, эътиқод ба ҳамраъйии халқҳо, фазилати ҳамнавоӣ дар адабиёт ва чун фиристодаи доно ва ба гуфтан далеру тавоно ба осмон расонидани масъулияти ба дӯш доштаи олим мебошад.

Муртазо ЗАЙНИДДИНОВ

Зафари ГУЛМУРОД

Бознашр аз рӯзномаи «Омӯзгор» №1, 4 январи соли 2018

Дар Китобхонаи миллӣ аз Шавкат Ниёзӣ ва дар бораи ӯ метавонед ин матолибро суроғ кунед:

Ба марҳамати парвардигор умедворам [Матн] // Чархи гардун. – 1988. – 30 октябр.

Гавҳар [Матн]: Ҳикоя // Ӯзбекистони сурх. –  1956. – 16 сентябр.

Грамматикаи забони тоҷикӣ [Матн]: Синтаксис. Қ.2. – Сталинобод: Нашриёти давлати Тоҷикистон, 1955. – 140 с.

Дар бораи баланд бардоштани саводнокии талабагон [Матн]. – Сталинобод, 1944. – 11 с.

Доир ба инкишофи минбаъдаи забони адабии тоҷик [Матн] // Мактаби советӣ. – 1963. – №3. – С.22-24.

Ду ҳафта дар оғӯши дӯстон [Матн]: Хотираҳои нависанда дар бораи Республикаи Демократии Корея // Ҳақиқати Ӯзбекистон. – 1973. – 29 ноябр, 8 декабр.

Забони тоҷикӣ [Матн]: Китоби дарсӣ барои синфи 6-7. – Душанбе: Ирфон, 1972. – 160 с.

Китоби хониш [Матн]. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1946. –  494 с.

Китоби хониши синфи сеюми мактаби ибтидоӣ Ниёзӣ. Ш [Матн]. – Сталинобод, 1953. – 280 с.

Назми этикии тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ [Матн]. – Душанбе, 1965. – 193 с.

Ҳақиқатнигори оташин [Матн]: Ба муносибати 40-солагии газетаи Овози тоҷик // Ҳақиқати Ӯзбекистон. – 1964. – 11 октябр.

Рубоёт [Матн] // Маориф ва маданият. – 1964. – 29 декабр.

Сарояндаи оташини озодии халқ [Матн] // Шарқи Сурх. – 1954. – № 4. – С.120-126.

Сюжет ва унсурҳои фолклор дар достонҳои замони ҷанг [Матн]: Назми этикии тоҷик дар солҳои ҶБВ. – Душанбе, 1965. – С.11-73.

Халқи Тоҷикистон ташнаи фарҳанги рус аст [Матн] // Ҷумҳурият. – 2002. – 21 феврал.

Адабиёт доир ба Шавкат Ниёзӣ

Укази Президуми Советӣ Олии РСФСР [Матн]: Дар бораи ба Ниёзӣ Ш. додани номи фахрии коркуни хизматнишондодаи маданияти РСФСР // Тоҷикистони Советӣ. – 1978. – 10 июн; Маориф ва маданият. – 1978. – 13 май.

Раҳмонов, Л. Пирии пурзаҳмат [Матн]: Драма / Тарҷумаи Ш. Ниёзӣ // Садои Шарқ. – 1970. – №2. –  С.58-101.

Горкий, А. М. Васса Железнова [Матн]: Пьеса // Асарҳои мунтахаб. Ҷ 5. – Душанбе, 1978. – С.394-436.

Сӯфизода, Ш. Сафири бузурги адабиёти мусири тоҷик [Матн]: Сухане чанд аз рӯзгору фаъолияти сафири бузурги адабиёт Шавкат Ниёзӣ бахшида ба 90-солагии зодрӯзаш // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2018. – 25 январ.