Сорбон: «Фурўғи адибон баргузор шавад!»
Нашр шуд 2021-01-29 14:09
Профессор Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшинос ва дўсти наздики Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон мегӯяд, “устод Сорбон бо синамогарон ва коргардонҳо алоқаи хуб доранд. Ману Сорбон бисёр ҳодисаҳоро шоҳид будем, вале вақте ҳамон воқеаро дар китоби устод мехонам, ҳайрон мешавам”
Профессор Абдунабӣ Сатторзода, ки дар як ҳамоиш бахшида ба зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сорбон суханронӣ мекард, гуфт, ки “устод истеъдоде доранд, ки ҳамаро мисли саҳнаи синамо тасвир мекунанд. Ҳама қаҳрамонҳояшон чеҳраи кинематографӣ доранд ва бо хурдатарин ҷузиёташ тасвир шудааст. Филме, ки аз зиндагии ў бардошта шуд, филми хуб буд ва хел мунтазираш будем».
Ин ҳамоиш рӯзи чоршанбе дар толори синамои Зебуннисо, ки Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон низ дар он бино мустақар аст, баргузор шуд. Маҳфил бо ибтикори синамогарони ҷавон, алоқамандони ҳунар ва пайвандони устод доир гардид.
Устод Сорбон аз чеҳраҳои маъруфи адабиёти муосир аст, ки бо повесту роман ва ҳикояҳои дилнишин ва образҳои мондагораш маҳбубият дорад. Нависандаи маҳбуб ҳоло ба синни 81 расид ва ба ин муносибат дар толори Зебуннисо нахустнамоиши филми мустанади “Устод Сорбон”, ки коргардон Тоҳири Назар бардоштааст ва рӯнамоии китоби “Сорбон дар оинаи нақду сухансанҷӣ” (мураттиб рӯзноманигор ва пажӯҳишгари тоҷик Одили Нозир) баргузор шуд. Нависана дар маҳфили ҷашнаш изҳор дошт, ки « Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ…» хуб аст, Фурўғи адибон ҳам ташкил шавад, ки адибон байни худ мусобиқа кунанд ва беҳтарин асарро нависанд. Зеро мо бисёр менависем, оё аз он чизе боқӣ мемонад ё не?»
Ў аз мушкили адабиёти имрўз гуфт: «Қариб, ки дар адабиёти мо қаҳрамон гум шудааст. Дар замони Шўравӣ ҳам қаҳрамон кам шуд, бовуҷуди он, ки ин қадар ҷангҳову балоҳоро аз сар гузаронидем. Дар адабиёти классикии мо қаҳрамон буданд. Масалан «Абумуслимнома»-и Абутоҳири Тарсусӣ, «Самаки айёр», «Ҳазору як шаб», «Калила ва Димна» даҳҳо қаҳрамонони мондагор доштанд. Ё худ «Сафарнома»-и Носири Хусрав. Ин асар дар назар як чизи оддӣ менамояд, аммо касе, ки онро мехонад, дар ҳайрат мемонад. Тасвир, забон, гуфтораш бисёр хуб аст. Дар мо ин чизҳо бисёр ба ҳадди паст рафтааст. Баъзеҳо наҳ мезанад, ки ин нависанда лаҳҷавӣ менависад, музофотӣ менависад. Лекин ба умқи он намераванд, ки нависанда чӣ гуфтан мехоҳад. Нависанда бояд забони модарияшро донад, аз забони гузаштагонаш бархурдор бошад, аз забони маҳаллаш бигирад.
Пас аз эълони озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” рағбат ба адабиёт пайдо шудааст. Агар китоби ман чоп шавад, дустон мехонанду андешаашонро дар мавриди он мегўянд, ки аз онҳо миннатдорам» .
Зимни қироати шеъри Фирдавсӣ ўро гиря гулўгир намуд. Пас аз фосилае гуфт, ки “ғами ман ғами адабиёт аст. Мо ва онҳое, ки баъд аз мо ба адабиёт меоянд, бояд андеша кунад».
Дар поёни нишаст устод Сорбон ба созмондиҳандагони ин маҳфили хотирмон изҳори сипос намуд.
Маҳфили зодрўзи устод Сорбонро Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев бо сурудҳои наву ватандўстонааш гарм намуд.
Раҳима Аъзам,
шуъбаи тарғиб ва гузаронидани чорабинҳои фарҳангӣ.