Осорхонаи Китобхонаи миллӣ. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
Дар ҷаҳон ҳамасола 18 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (International Museum Day) таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз ташкили тамошои ройгон аз осорхонаҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Бо таваҷҷуҳ ба он, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе осорхонаҳву хона-музейҳои зиёде фаъолият мекунанд, Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ дорои осорхонаи гаронбаҳо буда, бо шукуҳу ҷалоли худ яке аз мавзеҳои тамошобоб ва фарҳангӣ кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 3-толор намоишгоҳ фаъолият мекунад, ки дар фонди он китобҳои нодир, дастхатҳо, китобҳои чопи сангӣ, толори намоиши китобҳои даварони истиқлл ва дигар маводҳои гаронбаҳои таърихии меҳан ба намоиш гузошта шудааст.
Зиёда аз ҳаштод сол аст, ки шӯъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҷамъоварии нусхаҳои хаттии мардуми Шарқ машғул аст. Зимни суҳбат бо мо Рамзӣ Ҷумахонов муовини сардори шуъбаи мазкур гуфт асоси фонди онро дастхатҳо ва китобҳои нодире ташкил медод, ки аз Китобхонаи Институти илмӣ-тадқиқотии Наркомпросси Тоҷикистон ворид гардид ва ҳоло низ ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ идома дорад.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо дар ҳоли ҳозир зиёда аз 4600 ҷилд нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, форсӣ, арабӣ, ва дигар забонҳо, ки аз онҳо зиёда аз 2671 нусхаро дастнависҳо ташкил медиҳад дар фонди шуъба маҳфӯз мебошанд. Ин ҷамъоварӣ яке аз ҷойҳои намоёнро дар мобайни хазинаҳои дастхатҳои Шарқи кишварамон ишғол менамоянд. Бисёре аз ин ёдгориҳо аввалин сарчашмаҳои зарурӣ барои табъу нашри кори илмию тадқиқотӣ, ки аҳамияти махсусро барои омӯзиши фарҳанги асрҳои гузаштаамонро дар пай дорад, арзёбӣ мегардад. Фарқияти асосии бисёре аз нусхаҳои хаттии Китобхона ин хатҳои зебо, муқоваҳои ҷолиб ва нақшу нигори диққатҷалбкунанда мебошад. Фонди тиллоии китобхона бо ташаббуси мутахассисон ғанӣ мегардад.
Аз ганҷинаҳои таърихии ин шуъба, нусхаҳои нодири олимони машҳури асрҳои миёна Ат-Табарӣ «Таърихи Табарӣ» асри XIII, Зиё Баранӣ «Таърихи Фирӯзшоҳӣ» асри XVI, «Тазкираи Буғрохонӣ» асри XV- XVI, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ асри XVII, «Ахлоқи мӯҳсинӣ» -и Ҳусайн Воизи Кошифӣ асри XVII, «Захирату-л-мулук»-и Алӣ ибни Шаҳобиддин ал-Хамадонӣ асри XVIII, «Қаробиддини Қодирӣ»и Муҳаммад Акбари Арзонӣ асри XVIII, «Ганҷу-л-олам»-и Низом ибни Хоҷа Яъқуб ал-Ҳисорӣ асри XVII, «Чаҳорбоғи гулҳо»-и Муҳаммад Одил ал-Бухорӣ, асри XIX, «Таъбири султонӣ» Исмоили ибни Низомулмулк, асрҳои XVI- XVII, «Ҳандаса» ва «Сӣ фасл дар илми нуҷум» риёзидон ва мунаҷҷими машҳур Носириддини Тусӣ, асрҳои XV-XVI ва ғайраҳо ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи Рамзӣ Ҷумахонов, диққати бештари сайёҳону муҳаққиқонро нусхаи хаттии «Гулистон»-и шоири машҳури қарни XIII Саъдии Шерозӣ ҷалб мекунад, ки бо хати зебои настаълиқ ва дар коғази Истамбулӣ дар соли 1698 мелодӣ китобат шудааст. Дар саҳифаҳои ин нусха оиди расму русум ва тарзи зиндагонии натанҳо Эрон, балки тамоми мардуми Шарқи Наздики асри XIII –ро равшану возеҳ инъикос мекунад.
Дар фонди тиллоии Китобхона инчунин ҳуҷҷатҳои таърихӣ ба монанди васиқаҳо, ярликҳо, ривоятҳо ва ғайраҳо гирдоварӣ шудаанд. Ҳар яки онҳо барои омӯзиши мамолики Шарқ асноди муҳиме ба шумор мераванд ва инчунин дар ин хазина намуди матнҳои тасврии паҳлавӣ ва санскритӣ мавҷуданд. Ҳамзамон дар фонди шуъбаи мазкур нусхаҳои нахустин рӯзномаҳои тоҷикӣ нигаҳдори карда мешавад.
Фариддун Азизов муовини сардори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳо фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамарӯза ба китобхона садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ ташриф меоранд, ки аз ҷониби кормадони шуъба бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сайёҳат гузаронида мешавад. Ба гуфтаи Ф. Азизов бо таваҷҷуҳ ба он, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳр, атрофи боғи фарҳангу – фароғатии устод Рӯдакӣ ва назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ қарор дорад, бештар мавриди таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонон қарор мегирад.
Осорхонаи Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зумраи толорҳои намоишии муассиса ба ҳисоб меравад, ки дар бораи пайдоиши хату навиштаҷотҳо, лаҳчаву забонҳои халқиятҳои ҳудуди Осиёи Миёна маводҳои арзишмандеро ба марази тамошо гузоштааст.
Дар осорхонаи мазкур зиёда 180 – мавод: намунаи хатҳои авастоӣ, хати бохтарӣ, расмулхати суғдӣ, хати портӣ, алифбои хати суғдӣ ба ӯйғурӣ, намунаи навиштаҷотҳо дар сиккаҳо, намунаи сангнавиштаҳо, намунаи расму тасвирҳои асрҳои ХIV – ХVII ки аз дастхатҳои қадимаи «Шоҳнома» - и Абулқосим Фирдавсӣ, «Хамса» - и Амир Хусрави Деҳлавӣ, «Силсилат-уз-заҳаб»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигар асарҳои нодир аксбардорӣ шудаанд, ба намоиш гузошта шудааст. Инчунин дар ин толор дар мавзӯҳои сарфу наҳви забони форсӣ-тоҷикӣ, лаҳҷашиносӣ (лаҳҷаи яғнобӣ, язгуломӣ, бартангӣ, шуғнонӣ, ишкошимию вахонӣ), корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи забоншиносӣ намоиши китоб ташкил карда шудааст.
Толори сеюме, ки мавриди таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳон қарор мегирад,толори китобҳои тозанашри замони истиқлол мебошад, ки дар он зиёда аз 800 нусха адабиёти нав фарогири мавзуҳои гуногун мебошад, ба намоиш гузошта шудааст.
Ба иттилоъи Фаридун Азизов Китобхонаи милли Тоҷикистон дорои 25 толори хониш барои 1500 ҷойи нишаст, 28 маҳфузгоҳ барои нигоҳдории 10 млн. китоб ва дигар навъҳои асноди иттилоотӣ, 9 маҷлисгоҳ ва толори баргузории ҷаласаву конфронсҳо барои 1200 ҷойи нишаст, 3 толори намоишгоҳи китобҳо, 36 шӯъбаву марказ ва 3 толори калони намоишгоҳи китоб мебошад.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб
ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.