Оғози симпозиуми байналмилалии илмии «Мавлоно-васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-10-19 12:03
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» ба кори худ оғоз кард. Дар он олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия,Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Олмон иштирок доранд.
Қарор аст дар ин ҳамоиш масъалаҳои «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Туркия», «Нақш ва мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар густариши фарҳанги мадоро дар ҷаҳон», «Масъалаҳои рӯзгор ва осоршиносии Мавлоно», «Андешаву афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии Мавлоно», «Маснавии маънавӣ ва нақши он дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон», «Мавлоно ва ҷаҳони муосир» мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Ин нишаст бо ширкати донишмандон ва мавлонопажӯҳишон ду рӯз идома мекунад. Дар ҳошияи ин нишаст ташкили намоишгоҳи нусхаҳои қадимӣ ва хаттотӣ дар васфи ҳазрати Мавлоно дар назар аст.
Суратгузориши ҳамкорамон Хусрави Милод аз ин ҳамоиш.