Нависандае, ки ба касе монанд нест. 80 соли адиби маъруф Сорбон
Сорбон нависандаи нозукбаён буда, дар симои қаҳрамонони асарҳояш тавонистааст азамату ҳашамати мардум ва бурду бохти зиндагиро соддаю оммафаҳмона ба қалам оварад ва яке аз маҳбубтарин нависандагони кишварамон шинохта шавад. Ҳикояҳои Л.Толстой (1970), Ф.Достоевский (1971), «Пӯлод чӣ тавр обутоб меёбад»-и Н.Островский (1973), романи Н.Думбадзе «Ман офтобро мебинам», қиссаи Ч.Айтматов «Киштии сафед» ва ғайраро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Дар муаррифии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мехонем:
СОРБОН (Пури Хамроҳ) 27 январи соли 1940 дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба кор мондааст. Баъдан муҳаррири барномаҳои адабии радиои Тоҷикистон, муҳаррири калони нашриёти «Ирфон», мухбири калони рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» будааст. Чанд сол дар нашриёти «Маориф» ва Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ фаъолият доштааст.
Аз соли 1965 ба навиштани ҳикоя шурӯъ намуда, нахустин гулчини ҳикоёташ «Гап дар дил» соли 1969 интишор ёфтааст. Муаллифи қиссаву романҳои маъруфи «Занги аввал», «Санги сипар», «Ҷӯгӣ», «Сабо», «Қумрӣ», «Пиндор», «Марди танҳо», «Чархи эҳтиётӣ», «Санам», «Спитамон», «Шинел», «Дашти Морон», «Кабӯтари сафед», «Буд, набуд», «Зарафшон», «Актёр», «Достони писари Худо», «Туғрал», «Росу», «Кадевар», «Барзгар» ва чандин маҷмӯаи гуногунмуҳтаво мебошад.
То имрӯз 12 ҷилди Куллиёти осораш ба дасти чоп расидааст.
Сорбон нависандаи нозукбаён буда, дар симои қаҳрамонони асарҳояш тавонистааст азамату ҳашамати мардум ва бурду бохти зиндагиро соддаю оммафаҳмона ба қалам оварад ва яке аз маҳбубтарин нависандагони кишварамон шинохта шавад.
Ҳикояҳои Л.Толстой (1970), Ф.Достоевский (1971), «Пӯлод чӣ тавр обутоб меёбад»-и Н.Островский (1973), романи Н.Думбадзе «Ман офтобро мебинам», қиссаи Ч.Айтматов «Киштии сафед» ва ғайраро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Асарҳои Сорбон ба аксари кулли забонҳои халқҳои собиқи шӯравӣ, бештарин ба русӣ, тарҷума ва чоп шудаанд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон, Барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ.
Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Аз Сорббон ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам метавонед бихонед
Достони писари Худо: Роман иборат аз шаш китоб дар ду ҷилд. – Душанбе: Адиб, 2005. – 672 с.
Кадевар: Роман. – Душанбе: Эҷод, 2006. – 332 с.
Куллиёт. – Душанбе: Эҷодиёт, 2009. – 420 с.
Санам. – Душанбе: Маориф, 2019. – 240 с.
Росу: Порча аз роман // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 16 июл.
Бўи Ватан; Меҳри Ватан; Вопасин: Аз силсилаи «Марғрезаҳо» // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 11 ноябр.
Модар ва Тоҷикистон: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 15 сентябр.
Фаҳми дуруст: Аз китоби «Тўшаи умри падар»- и Мирзо Шукурзода // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 8 август.
Барзгар: Роман // Садои Шарқ. – 2014. – №1. – С. 9-72.
Шаҳрбону: Роман // Садои Шарқ. – 2015. – №8. – С. 8-44.
Куҳнадўз: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 14 сентябр.
Инсон ҳамеша ба адабиёт ниёз дорад: Суҳбати Салими Зарафшонфар бо нависанда Сорбон // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 25 октябр.
Ҷўгӣ: Порае аз китоби дуюми муаллиф «Ҷўгӣ» // Садои Шарқ. – 2019. – №2. – С. 8-67.
Дар бораи адиби маъруф
Қаюмова, Д. Ғ. Хусусиятҳои жанрию услубии шикоя ва повестҳои Сорбон. – Душанбе, 2018. – 28 с.
Сайфуллоев, А. Ҷаҳонбинӣ ва маҳорат: Омўхтани эҷодиёти нависандаи тоҷик Сорбон // Маориф ва маданият. – 1976. – 21 феврал.
Ҳазли солинавӣ ба нависанда Сорбон // Садои Шарқ. – 1977. – №1. – С. 153.
Асоев, Х. Масъалаи характер дар ду повесть: Таҳлили повестҳои нави Сорбон «Шинель» // Маориф ва маданият. – 1977. – 6 август.
Боршаговский, А. М. Қаҳрамони замон ва инкишофи наср: Баҳс дар атрофи тарҷимаҳои русии асарҳои Сорбон «Занги аввал» // Садои Шарқ. – 1980. – №6. – С. 133-136.
Раҷабов, М. Ашўра ва дигарон: Таърихи мавзўи зан дар повести Сорбон «Санги сипар» пурратар гардид // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 19 ноябр.
Шарифзода, Х. Образҳо ва сабки романи «Барзгар»- и Сорбон: Маълумоти мухтасар дар бораи романи «Барзгар»- и Сорбон // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 4 декабр.
Шукруллоҳӣ, К. Рамзи пинҳон аз чашми ағёр: Порае аз ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Сорбон аз китоби мунаққиди шинохта Кароматуллоҳи Шукруллоҳӣ «Нависандае, ки ба касе монанд нест» // Тоҷикистон. – 2016. – 21 январ.
Муртазо, Б. Сабақаҳои «Тангно»: Роҷеъ ба филми нави бадеӣ, ки аз рўи романи нависандаи соҳибистеъдоди тоҷик устод Сорбон «Тангнои гетӣ» офарида шудааст // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 4 январ.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ