Маконҳои таърихии Тоҷикистон: САРАЗМ
Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 - солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем. Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии кишвар ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармояҳо дар зерсохтори сайёҳӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ маҳз Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои 2019 - 2021- ро солҳои Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Таърих шаҳодат медиҳад, ки минтақаи Осиёи Марказӣ маркази тамаддуни ҷаҳонӣ башумор рафта ва дар замонҳои қадим мардуми тоҷик беш аз 400 намуди ҳунармандиро доро буданд. Дар айни замон дар мамлакат зиёда аз 2,900 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ вуҷуд дорад. Дар ин самт, Саразм, ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, аҳамияти бузурги илмӣ, таърихӣ ва байналхалқӣ мебошад. Ин яке аз ёдгориҳои аввалини мероси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон башумор меравад. Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони зиёиёни кишвар, Пешвои муаззами Миллат изҳор доштанд, ки дар соли 2020-ум 5500-солагии Саразм ҷашн гирифта мешавад ва имрӯз Тоҷикистон барои ин санаи таърихӣ омода истодааст. Бисёр тадқиқотчиён китобҳо ва мақолаҳои илмиро дар бораи таърихи Саразм навиштаанд. Таърихи қадимии Саразмро дар соли 1976 аз ҷониби олимон ва бостоншиноси тоҷик А Исҳоқов кашф намудаанд. Саразм яке аз қадимтарин нуқтаҳои аҳолинишин ва далелҳои рушди пешрафти шаҳрсозӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Соли 2010, дар руйхати ёдгориҳои таърихии чаҳонии ЮНЕСКО ба қайд гирифта шуд.
Саразм, димнаи шаҳри асри биринҷӣ (ҳазораи 4-2 то м.), ки 15 км ғарбтар аз ш. Панҷакенти вилояти Суғд воқеъ аст. Масоҳаташ 90 га соли 1976 бостоншиносон тоҷик А Исҳоқов кашф намуд ва аз соли 1978 таҳти роҳбари ў отряди архиёлогии Институти таърихи АФ РСС Тоҷикистон тадқиқ мекунад. То ҳол 4 бино ва 10 хандақи Саразм ошкор шудааст.
Масоҳати бинои аввал 180 м2 буда, аз 7 хона иборат аст. Девори бино аз хишти хом сохта шудааст. Бинои дуюм 500 м2 масоҳат дошта, 48 хонаро дар бар мегирад. Девораш похсагист. Масоҳати бинои сеюм 350 м2 буда, 13 хона дорад. Девораш аз хишти хом. Бинои, сеюм барои омўзиши таърихи санъати меъмории тоҷикон ахмияти махсус дорад. Тарафҳои баробар, масоҳати якхела, рў ба рўй ҷои гирифтани даромадгоҳҳо се долони ба ҳам монанд шаҳодат медиҳанд, ки он аз руй тарҳи махсус сохта шудааст. Хонаҳои иқоматй мураббаъ ва росткунҷа (6-12 м2), бари даромадгоҳҳо хурд (50-75 см). Фарши хонахо ба андозаи 75-95см оташдони мудаввар дорад, гирдашро деворча гирифтаъаст, ки ғафсиаш 8-12см, баландиаш 9-10см. Оташдонро баъзан дар болои суфача (баландиаш 15-20 см) месохтанд. Долону даромадгоҳҳо аз хонаҳо ба ҳавлӣ мебаранд.
Деворҳои бино 35-75 см ғафсӣ доштаанд, ки осори онҳо то замони мо омада расидаст. Дар ҳавли танур, оташдон, сохта тамоми истиқоматкунандагон истифода мебурданд. Ҳавлиҳо барои пртовҳо хандақ доштаанд, ки аз дохили онхо асбоби рўзгор ва осори маданият ёфт шудаанд. Бинои чаҳорум 18 хонаро дар бар мегирад. Аз ин қисмат ибодатгоҳ, дош кашф гардидаанд.
Дар Саразм чаҳор давраи ҳаёт , ки ёдгориҳои он С-I, II, III, IV ном гирифтаанд, ошкор шуд. Аҳолии Саразм асосан бо деҳқонӣ чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, инчуни косибӣ ва маъдангузоӣ (мис, тило, қалъагӣ) машғул буд. Мис ва қалъагиро доромехта табар, корд, ханҷари дудама, пайкон, чангаки моҳигири дарафш сӯзан месохтанд. Пўшоку палоси саразмиён аз пашму пуст буд.
Қулолони Саразм ба воситаи чархи кулолӣ коса табақ ҷом пиёла кўза хумча сохта, бо ранги сиёҳ, қирмизӣ сурх гулобӣ зардча оро медоданд. Сокинони Саразм, бо кишварҳои соҳили халиҷи форс, баҳри Араб давлати Ҳинд ва Бадахшон робитаи тиҷоратӣ (корд ханҷар, табари дудама ), сангҳои дастадори тарозу, зарфу гушмоҳиҳо асбоби зебу зинати (аз фирӯза, лоҷувард, ақиқ) ёфтшуда шоҳиди онанд.
Дар байни аҳоли Саразм сохти авлодӣ ҳукумрон буд. Дар натиҷаи тадқиқоти архиологӣ маълум гардид, ки Саразм яке аз қадимтарин шаҳрҳои Мавороуннаҳр буда, бозёфтҳои он шаҳодат медиҳад, ки аҷдоди тоҷикон ҳанўз то ҳуҷуми Ҳахоманишиёну Искандар Макадунӣ дорои маданият мутараққӣ будаанд. Омўзиши Саразм. Дар таърихи тамаддуми тоҷикон ва халқҳои дигар Осиё Миёна саҳифахои наверо мекушояд.
Бозчоп аз ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК,
Душанбе 1986
Таҳияи Абубакр Аминов,
сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ.