Тасаввури кўдаконаи манзараҳо ва иду айём дар расмҳои толори атфол
Нашр шуд 2016-08-27 18:06
Саъати тасвирӣ аз ҳунарҳои қадимаи халқу аҷдоди мо, тоҷикон ба шумор меравад. Ниёкони мо ҳанўз аз замонҳои бостон тасвири табиат, ҳаёти хонаводагӣ, эҳсосҳои қалбӣ аз қабили ишқу муҳаббат, изҳори самимият ба бузургон ва ғайраро мекашиданд. Деворнигораҳои бостонӣ, ки тўли ин як садсола аз манотиқи гуногун пайдо шудааст, далели ин гуфтаҳоянд.
Тўли ин се соли охир дар маҳфилҳои зиёди ҳунарии толори кўдакон бачаҳо баъзан расмҳои ҷолибе кашиданд, ки иддае аз онҳо ба сурати беҳтарин нигориши хурдсолон дар толор ба намоиш гузошта шудаанд.
Барои аксари нигарандагони наврас тасвири манзара хеле муҳим аст ва онҳо бо як ҳассосияти ба худ хос талош мекунанд, он чӣ дар табиат мебинанд, рўйи коғаз оранд, онро бо рангҳои гуногун оро диҳанд. Тасвире аз дарё, куҳ, сабзаву раёҳини атроф, гулҳои мухталиф ва ғайра мавзуъҳое мебошанд, ки дар тавири атфол мебинем.
Аз сўйи дигар бачаҳо талош мекунанд расми ашёи теникиро, ки хеле барояшон маҳбуб аст, дар коғаз кашанд. Ин бо техникаи замон наздик будани атфолро нишон медиҳад.
Бахше аз расмҳое, ки дар толор нигаҳдорӣ мешаванд, мавзуъӣ мебошанд. Онҳо як рўзеро мавриди тасвир қарор додаанд ё аз як рўйдоди ҷолиб ёд кардаанд ва бардошти худро аз он рўйи саҳифа рехтаанд.
Баъзе расмҳо баёнгари он нуктаанд, ки ҷашнҳои миллии мо барои атфол бегона нест. Чуночӣ, онҳо ба дарки Рўзи Ғалаба, Наврўз, Ваҳдати миллӣ, Рўзи Истиқлолият мерасанд ва тасаввуроти худро рўйи коғаз меоранд.
Аз миёни беҳтарин тасвирҳо метавон расми Фариза Зойирова, хонандаи синфи 8 мактаб- интернати рақами 1-ро ном бурд. Фариза расми худро ҳудуди як ҳафта каши два метавон гуфт, ки яке аз беҳтарин расмҳои намоишгоҳи толори кўдакон мебошад.