15 нафар баъди хатми давраи нави омӯзишӣ соҳиби сертификат шуданд

Боз панздаҳ нафари дигар баъди анҷоми давраи нави омӯзиши забони арабӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Маросими эътои сертификатҳо ба хатмкунандагони давраи омӯзишӣ баъди зуҳри дирӯз, 18-уми октябр баргузор шуд
Муҳаммадӣ Хоҷаев, омӯзгори забони арабӣ ва Абубакр Аминов-сардори Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ дар ин маросим ширкат карданд ва хатмкунандагонро барои шарафёб шудан ва хатми ин давраи омӯзишӣ муборакбод намуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки то имрӯз 270 нафар давраҳои забономӯзиро дар Китобхонаи миллӣ хатм ва соҳиби шаҳодатнома шудаанд. Курсҳои омӯзишӣ маъмулан 3 моҳро дар бар мегиранд ва дар як шароити мусоид барои омӯзиши забонҳои инглисӣ, арабӣ, ҷопонӣ, куриёӣ амалӣ мешаванд.
Ин давраҳои омӯзишӣ тибқи иҷозатномаи Вазорати маорифи кишвар ташкил шудаанд ва муаллимони соҳибтахассус ба онҳо ҷалб гардидаанд.
Дарсҳои забони арабиро омўзгори  соҳибихтисосу  пуртаҷриба дар гуруҳҳои 6-12 нафарӣ мегузаронад. Дар чунин гуруҳҳои хурд хонандагон имкони бештари муколама ва истифода аз вақт доранд.