Таърихи Русия аз дидгоҳи як донишманди тоҷик

Интишороти «Контраст» китоби дарсии донишманди тоҷик Зафар Сайидзодаро бо номи «История России» аз чоп баровард.

Ҳадафи муаллиф бо забони содаву осон баёни таърихи мухтари кишварест, ки бо Тоҷикистон шарики стратегист. Талош шудааст хеле мухтасар ва хеле фаҳмо донистаниҳои лозимро дар бораи Русия, сиёсат, таърих, фарҳанг, илми он аз давраҳои куҳан то ба рӯзҳои мо гирд оварад, то ҳар касе онро варақ мезанад, ба содагӣ як тасаввуроти амиқ дар бораи гузаштаву имрӯзи ин кишвар бардорад.

Ҳангоми таҳияи китоб муаллиф талош кардааст сарчашмаҳои илмии зиёдеро варақ занад, китобҳои таърих ва навиштаҳои муаррихони ҳар давру замонро омӯзад ва аз миён  мағзе аз он андӯхтаҳоро оварад, то барои ҳар хонанда, чӣ пажӯҳишгар бошад, чӣ донишомӯз ва чӣ муҳоҷир муфид бошад.

Китоб аз се боб ва рӯйхати адабиёт иборат аст ва барои доираи васеъи хонандагон: аз толибилмони синфҳои болоӣ то донишҷӯён ва нафақахӯрон пешниҳод шудааст. Муаллиф бар ин назар аст, ки ҳар хонанда аз он чизе барои худ пайдо мекунад. 

Китобро метавон аз дӯконҳои фурӯши китобҳо, китобхонаҳо пайдо ва мутолиа намуд.

Шакли электронии онро метавонед ин ҷо бихонед. История России

Барчаспҳо: