Шуъбаи нигаҳдории китоб аз афзудани теъдоди китобҳо зарфи чанд моҳи охир хабар дод. Тӯли ин чанд моҳ 1066 китоби нав ворид шудааст, КИ 448 нусхаи он ба забони тоҷикӣ, 599 нусха ба забони русӣ ва 19 нусха китоб ба забони дигар халқҳои ИДМ мебошад.
Китобҳои тозавуруд дар бораи забон, таърих, сиёсат, кишоварзӣ, молия, тиб, адабиётшиносӣ ва ғайра мебошанд. Аз ҷумла, китоби Саймумин Ятимов «Унсурулмаолии Кайковус дар бораи хирад» яке аз хонотарин китобҳои нав ба шумор меравад. Муаллифро вазъи ахлоқи ҷомеа ба ташвиш овардааст ва даст ба таълифи китобе задааст, ки саропо панду ахлоқ аст. Аммо аз миёни мавзуоти зиёди дар осори Унсуралмаолии Кайковус зикр шуда, таваҷҷуҳи Саймумин Ятимовро мавзуъи хирад бештар ба худ ҷалб кардааст.
Китоб барои доираи васеъи хонандагон: сиёсатмадорон, адабиётшиносон, омўзгорон, донишҷўён ва ҳамаи онҳое, ки ба таъриху адаб таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ гардидааст.
Китоб аз муқаддима ва бобҳои “Баъзе қайдҳо дар хусуси «Сарсухан»-и Е.Э.Бертелс ба «Қобуснома»-и Унсурулмаоли Кайковус”, “Омўзиши илм ва дарки воқеият дар «Қобуснома»-и Унсурулмаоли Кайковус”, “Баъзе масъалаҳои эъмори давлатдорӣ дар «Қобуснома»-и Унсурулмаоли Кайковус”, !Баъзе андешаҳои Кайковус дар бораи шахсияти хизматчии давлатӣ”, “Ақидаҳои Унсурулмаолии Кайковус дар бораи умури низомӣ”, “Роҷеъ ба баъзе масъалаҳои шарҳи мавзўи хирад дар «Қобуснома»-и Унсурулмаоли Кайковус”, ҳамчунин хулоса ва феҳрасти номҳои шахсӣ ва феҳрасти номҳои ҷуғрофӣ иборат мебошад.