Шашумин намошгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” ба кор оғоз кард

Субҳи рӯзи 7-уми октябр  дар саҳни ҳавлии бинои Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба кори худ оғоз кард. Қарор аст он то 9-уми октябр идома кунад.
Субҳи имрўз дар назди бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Намошгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» доир гардид.
Ҳамаи чопхонаҳо ва муассисаҳои чопии пойтахти кишвар намунаи маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.
Кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо супориши директори Китобхона ва бо роҳбарии муовини директор Маҳмудов Гадобек китобҳои тозанашри худро намоиш доданд.
Мақсади асосии намоишгоҳ- баланд бардоштани сифати китобҳо дар нашриёт, дастраси оммаи васеъи хонандагон гардонидани маводи нави чопӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма, паҳн кардани онҳо, боло бурди сифати китобҳои нашршаванда ва пайдо намудани хонандагони ҷадид ба китобҳои тозанашр мебошад .
Қобили зикр аст, ки Намоишгоҳи мазкур то 9 октябр идома ёфта, дар он боздиди ноширони хориҷӣ аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Парчами миллӣ ва Китобхонаи миллӣ дар назар дошта шудааст.