Дар ним моҳи соли равон теъдоди хонандагони бахши кўдакон ва наврасон ба 3209 адад расид
Нашр шуд 2017-01-23 15:10
Сар аз аввали мохи январи соли 2017 дар тамоми толорҳои хизматрасонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёд шудани хонандагон ба чашм расид. Бахусус, дар толори бахши кўдаконон ва наврасон дар ин 18 рўз шумораи хонандагон ба 3209 нафар расид, ки ин боиси хурсандии кормандони аҳли толор мебошад. Диҳиши адабиёт бошад ба 3276 адад расид, ки ҳам вуруд ба толор ва ҳам талаби китоб дар чанд моҳи охир собиқа надошт.
Аксарияти хонандагони мо тибқи руйхате, ки омӯзгоронашон ба онҳо додаанд, ба мо муроҷиат намуданд ва мо китобҳое, ки дар толор мавҷуд набуд, бо дархости онҳо аз шуъбаи нигоҳдории китоб овардем ва талаби онҳоро қонеъ сохтем, то саргардон аз толор ба толори дигар нараванд.
Маврид ба таъкид аст, ки аз замони ифтитоҳи толор то кунун он ба ин ҳад серхонанда набуд. Ин баёнгари он аст, ки таваҷҷуҳи хонандагон ба китоб ва Китобхона афзудааст. Устодони макотиби миёна низ дар замони таътил рӯйхати китобҳоео барояшон додаанд, ки бояд бихонанд ва дар оғози таҳсил дар нимсолаи дуввум онҳо пурсида мешаванд.
Ҳамзамон бо ин теъдоди хонандагони наваъзо низ афзуд ва дар ин ду даҳрӯза ба 692 нафар расид.
Ба ҳисоби миёна дар як рўз то ба 200 нафар хонанда ба толор баҳри мутолиаи китоб ташриф меоранд.
Дар ин ду даҳрӯзаи моҳи январ 193 нафар хонандагони хориҷӣ ва берун аз шаҳри Душанбе ба толор омаданд, ки ин ҳам дар қиёс ба солҳои гузашта бесобиқа буд.