Дар парчами мо сарсабз умри падарон бошад...

Халқи Тоҷикистони тозаистиқлол соҳибпарчам гардидани давлату миллати хешро самимона  ва бо меҳри ватандорию  ифтихори миллӣ пазироӣ намуда ва ба ин нишони ҳастии давлат ва ғурури миллат арҷгузорӣ менамоянд. Азизу гиромӣ ва нишони нусрат хондани Парчами давлатӣ бесабаб нест, пайи парафшон намудани ин ливо дар зери осмони кабуди сулҳу дўстӣ, заҳмати фарзона фарзандони миллат хуб ба назар мерасад. Бо корнамоиву заҳмати софдилонаву ватандўстонаи мардони шуҷои Тоҷикистон ва нишони равшани муҳаббати самимонаи онҳо ба марзу буми аҷдодӣ, имрўз Парчами миллӣ дар фазои озод ҷилвагар аст

Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи Парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст.

Эмомалӣ Раҳмон.

Парчам-рамзи сарбаландӣ, нишонаи баландиҳост, аз ин рў баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистонро дар 165 метр ҷо додаанд. Дар баландиҳо ҷилва дорад Парчами миллии мо ва бо дурахшу парафшониаш ба ҷаҳониён аз ҳастиву пояндагии миллату давлати тоҷик, аз бахту саодат ва фатҳу нусрати тоҷдорони афрохтасар паём мерасонад. Сари болои мо, дасти болои мо, бахти волои мо, шуҳратафзои мост Парчами миллӣ.   Ҳастии он ҳисси миллию ватандўстии аҳли кишварро ба таҳрик меовараду неру мебахшад, пайванди сокинони хушиқболи ҷумҳуриро бо Ватану халқу миллат қавитар месозад, барои корсозиҳову бунёдкориҳои минбаъда илҳомбахш мешавад. Ҳар фарди дилогоҳу ҷонпайванди Ватан дида бар парчами хушнамуд дўхта, шукри истиқлоли Ватан, шукри ин обу хоки пок, шукри рўзгорони ободу осуда, шукри сиёсати меҳанпарваронаи Пешвои миллат мекунад.

Ҳар хурду бузурги ин Ватан хушҳоланд,

Аз парчами қадбаланди мо меболанд.

Ҳангоми гузар парандаҳои кўчӣ

Бўсида дирафши мо, ба рў мемоланд.

Халқи Тоҷикистони тозаистиқлол соҳибпарчам гардидани давлату миллати хешро самимона  ва бо меҳри ватандорию  ифтихори миллӣ пазироӣ намуда ва ба ин нишони ҳастии давлат ва ғурури миллат арҷгузорӣ менамоянд. Азизу гиромӣ ва нишони нусрат хондани Парчами давлатӣ бесабаб нест, пайи парафшон намудани ин ливо дар зери осмони кабуди сулҳу дўстӣ, заҳмати фарзона фарзандони миллат хуб ба назар мерасад. Бо корнамоиву заҳмати софдилонаву ватандўстонаи мардони шуҷои Тоҷикистон ва нишони равшани муҳаббати самимонаи онҳо ба марзу буми аҷдодӣ, имрўз Парчами миллӣ дар фазои озод ҷилвагар аст.   

Нишони кишвари паҳновари мост,

Умеди халқи таърихофари мост,

Ба дунёи парафшони пари мост,

Ба авҷи фатҳу нусратҳо сари мост.

Парафшон парчами мо зинда бодо,

Ба авҷи бахти мо поянда бодо!

Ба ҳар ҷое, ки боло мешавад он,

Сари болотари мо мешавад он,

Чу бо се ранги зебо мешавад он,

Барии рангинкамон ҷо мешавад он!

Парафшон парчами мо зинда бодо,

Ба авҷи бахти мо поянда бодо!

Аз ин рў, ҳар як фарди ҷомеа, хусусан, насли ояндасози миллат бояд аз Парчами миллии худ ифтихор намояд ва эҳтироми онро ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат ба ҷо оварад. Зеро эҳтирому арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ва сарчашмаи ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ мебошад. Ливои ҷилвагари тоҷикон, минбаъд низ аз ояндаи дурахшон, ободиву пешрафт ва зиндагии пурсаодати ин сарзамини аҷдодӣ нақл мекунад.

Дар парчами мо сарсабз умри падарон бошад,        

Болу пари Истиқлол болу пари он бошад.

Аз партави ин парчам оянда намоён аст,

Аз хатти сафеди он тақдир шукуфон аст.

Ҳар куҷое Парчами миллӣ боло мешавад, нишони пирўзию ғолибияти он миллат аст. Боло шудани Парчами миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои варзишии дунё низ нишони пирўзии мардуми мост. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ў эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Дурахши гуногунрангии Парчами давлатӣ ба дилҳо фараҳ мебахшанд, ин нишони дўстиву бародарист, ин нишони тинҷиву осоиштагӣ, ин нишони хушбахтии инсоният аст.

Абдуғаюр Саломов

Шуъбаи маркетинг ва
менеҷмент
и фаъолияти китобдорӣ