Рамзҳои наврӯзӣ дар расмҳои кӯдакон

Озмуни беҳтарин тасвири наврӯзӣ миёни хонандагони толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ нишон дод, ки атфол аксаран дар бораи Наврӯз медонанд ва рамзҳои онро метавонанд тасвир кунанд.
Дар толори шуъбаи Кўдакон ва наврасон тибқи нақшаи кории шуъба бахшида ба рўзи Модарон ва ҷашни байналмиллалии Наврўз озмуни расмкашӣ баргузор шуд.
Мураббӣ ба бачаҳо қабл аз шуруъи озмун дар бораи Наврӯз ва таърихи он суҳбат кард. Вай фаҳмонд, ки ин ҷашнвора чӣ рамзҳо дорад ва чаро мо онро ҳамасола бошукуҳ ҷашн мегирем.
Дар ҷараёни суҳбат, ки бо шеваи саволу ҷавоб баргузор шуд, аён гардид, ки аксари бачаҳо дар бораи Наврӯз хеле чизҳоро медонанд. Медонанд, ки ин ҷашни баҳор аст, ҷашни сабзаву гул, оғози солшумории шамсӣ ва шуруъи мавсими киштукор барои деҳқон аст.
Ҳамзамон бо ин бачаҳо хеле зиракона аз мураббиён дар бораи ҷанбаҳои мухталифи Наврӯз суол карданд ва ба саволҳои худ посухҳои дақиқу пурра гирифтанд.
Илова бар ин онҳо дар бораи Наврӯзу баҳор шеърҳо ҳам хонданд, дар ситоиши гулу сабза низ мисраҳои хуби шеърӣ қироат карданд.
Сипас, тибқи супориш онҳо ба расмкашӣ оғоз намуданд. Хостем донем, ки тасаввуроти худро аз ҷашни Наврӯз ва умуман баҳор чӣ гуна дар коғаз мекашанд.
Дар расмҳо онҳо ҳам рамзҳои наврӯзӣ, аз қабили суманак ва ҳам табиати зебову гулпӯши диёрро тасвир карданд.
Расмҳои беҳтарин ба озмуни телевизиони “Баҳористон” супурда шуданд ва онҳо ҳамарӯза аз тариқи барномаҳои ҳамсон намоиш дода мешаванд.