Болотарин омори як моҳ аз узвият ба Китобхонаи миллӣ аз замони оғози фаъолият

Зарфи як моҳи охир сафи хонандагони Китобхонаи миллӣ ҳудудан 5 ҳазор нафар афзуд ва ин болотарин омори як моҳ аз замони фаъолияти ин боргоҳи пуршукуҳи маърифат аст. Ин дар ҳолест, ки зарфи се моҳи аввали соли равон 7 ҳазору 321 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуда буданд.

Дар моҳи апрели соли равон бахши қабули Китобхонаи миллӣ ҳудудан 5 ҳазор нафарро чун узви нави Китобхона сабти ном кард.
Бештар аз ҳар вақти дигар ин моҳ хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрӣ, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бештар аъзои Китобхона шудаанд.
Чорабиниҳои “Даъват ба китоб ва Китобхона”, ки аз нимсоли дуввуми соли 2016 роҳандозӣ мешавад, яке аз сабабҳои ҷалби бесобиқаи хонандагон ба Китобхона шудааст.
Аз сӯйи дигар болоравии сатҳи хизматрасонӣ, шароити мусоиди мутолиаи китоб дар толорҳои хониш муҷиби он гаштааст, ки донишомӯзон бештар ба ин боргоҳи маърифат рӯ оранд.
Моҳи январи соли равон теъдоди аъзои Китобхонаи миллӣ 3210 нафар, моҳи феврал 1912 нафар, моҳи март 2199 нафар афзуда буд. Аммо моҳи апрел шумораи афроде, ки нав ба Китобхона омаданд ва соҳиби корти хонандагӣ шуданд, ба панҷ ҳазор нафар расид.