Даъват ба китоб ва Китобхона дар мавлуди Лоиқ Шералӣ
Нашр шуд 2016-05-21 19:17
Кош як рӯзи пур аз нур ва ё як шаби кӯр
Лаб ниҳам бар лаби ту, пас биравам бар лаби гӯр.
Дуздӣ аз чашми аҷал бар дари чашмат нигарам,
Бибарам дар нигаҳам аз нигаҳат ламъаи нур.
Нафаси бозпасинам нафаси гарми ту бод,
Бишнавам нафҳаи ту, то бидамад нафхаи сур.
Рӯи ту бинаму бидруд кунам рӯи ҷаҳон,
Қурби ту хоҳаму з-он пас бишавам аҳли қубур.
Эй хуш он дам, ки дар оғӯши ту ҷон биспорам,
Пас зи ту дур шавам, дур шавам, дур... ба гӯр...
Як ғазали абаршоир Лоиқ Шеарлӣ, ки агар умр барояш вафо мекард, ба синни мубораки 75 қадам мегузошт. Як рӯз пеш, ки зодрӯзи ин абармарди таърихи адаби тоҷик буд, гумон мекардӣ шабакаҳои иҷтимоӣ лоиқборон шуд. Он қадар суханҳо гуфта шуданд ва он қадар шеърҳояшро кориданд, ки ҳисоб надорад. Ин бузургтарин саодати як инсон аст, ки баъди маргаш бо ҳамин некӣ ёд мешавад.
Кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ низ дар доираи барномаи «Даъват ба китоб ва Китобхонаи миллӣ» ба чанде аз муассисаҳои таълимӣ рафтанд ва зимни даъватҳои худ аз ин шоири бузург ёдовар шуданд.
Бахусус, дар Муассисаи таълимии хусусии «Литсейи Раҳнамо» миёни хонандагон як маҳфили пурҷӯши Лоиқхонӣ дар ҷараён шуд, ки хеле хотирмон ва муассир буд.
Дар ин нишаст кормандони Китобхонаи миллӣ Зафари Гулмурод ва Фарзона Мирзоева дар бораи китобу китобхонӣ ва вижагиҳои мутолиа дар Китобхонаи миллӣ ҳарф заданд.