Беш аз 250 номгӯ китоб рафҳои китобфурӯшии Китобхонаи миллиро оро додааст
Нашр шуд 2016-11-23 22:58
Соли ҷорӣ бо мақсади ҷоннок намудани фаъолияти мағозаи китобфурўшии Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ барои фаровонии тамоми маводҳои мавриди ниёзи муштариёни мағозаи мазкур бо якчанд нашриётҳои давлатӣ ва хусусӣ шартномаи дуҷониба баст.
Аз ҷумла, бо Муассисаи нашриявии «Ирфон», Сарредакцияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Муассисаи нашриявии «Адиб», Маркази байналмиллалии рушди инсон «Само», Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии «Истиқбол» шартномащо баста шуданд ва дар ин як сол зиёда аз 250 номгӯ китоб аз муалифон барои фурўш ба китобфурӯшии Китобхона супорида шуд.
Ин китобҳо оид ба забоншиносӣ, таъриху ҳуқуқ, адабиёти бадеӣ, тиб, илмҳои дақиқ, луғатҳо, қобусномаҳо, ҳамчунин рўзнома ва маҷаллаҳои кўдакона, китобҳо барои кўдакон буданд.
Ин китобҳо на танҳо бо забони тоҷикӣ, балки бо русӣ, инглисӣ, форсӣ, фаронсавӣ, олмонӣ буданд.
Ҳамчунин барои арзон дастрас намудани маводҳои конселярӣ ба муштариёни Китобхона як қатор маводҳои конселярӣ аз буҷаи Китобхонаи миллӣ ба мағозаи фурўши китоб ворид карда шуд.
Қобили зикр аст, ки шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ барои пурра намудани рафҳои мағозаи фурўши китоб дар соли 2017 мақсад гузоштааст, ки боз бо якчанд муалифону нашриётҳои давлатӣ ва хусусӣ, шартномаи дуҷониба бандад.