Нақши ҷавонони Тоҷикистон дар рушду суботи ҷомеа
Нашр шуд 2016-05-24 19:57
Чунин ном дошт Конфронси илмӣ -оммавӣ бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, ки баъди зуҳри имрӯз дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода бо арзи табрики самимӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон гуфт, ки дар ҷомеаи имрӯз ҷавонон як қувваи пешбаранда маҳсуб мешаванд ва нақши онҳо дар рушди суботу оромӣ ва тавсеаи иқтисодӣ қобили инкор нест.
Директори Китобхонаи миллӣ ҷавононро созандагони ҷомеаи демократӣ номид ва гуфт, ки Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон аз насли ҷавон дар бунёди ҷомеаи солим умедҳои фаровон доранд. Вай пораеро аз паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қироат кард, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Шумо, ҷавонони ватандўсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунед, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоред. Шумо дар замони соҳибистиқлолӣ дар бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, нақбу роҳҳои муосир ва иншооти мухталифи иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, на танҳо пешсафи истеҳсолот мебошед, балки бо заҳмати созанда, ташаббусҳои ободгарона ва кӯшишу талошҳои пайвастаатон мақоми ҷавонони кишварамонро баланд бардошта, дар радифи беҳтарин бунёдкорони Ватани азизамон қарор доред.”.
Баъдан, маърўзаи муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода дар мавзўи «Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд. Вай қайд намуд, “Мо ва шумо - ҷавонони саодатманди кишвар имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ бо дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои калон ширкати фаъолона варзида, барои баланд бардоштани ному мақоми кишвари соҳибистиқлоламон собитона қадам мезанем. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро барои насли ояндасозу ватанпараст ҷиҳати зиндагиву фаъолияти шоиста муҳайё сохтаанд. Таъсиси стипендияи Президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, квотаи Президентӣ барои таҳсили духтарону ҷавонони ноҳияҳои дурдаст дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таҳсили ҷавонон дар мактабҳои олии хориҷи кишвар аз ҳисоби Фонди Президенти ҷумҳурӣ, ҷоизаи Президенти кишвар ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва ба ин монанд номгӯи таваҷҷўҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри фаъоли ҷомеаро метавон номбар кард”.
Ҳамзамон, маърўзаҳои сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинӣ сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризоён Шералӣ дар мавзўи «Ҷавонон ва рушди давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон» ва Муҳаммадиқбол Атоев мудири шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзўи “Ҷавонони тоҷик ва таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ” шунида шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар чорабинӣ беш аз 100 нафар донишҷўён аз донишгоҳҳои кишвар, кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар поёни конфронс миёни ширкаткунандагон мубодилаи афкор баргузор шуд.