Муаррифӣ: “Ҳалли масъалаҳо ва озмоишҳои хонагӣ аз фанни физика барои синфи 8”
Нашр шуд 2020-09-11 15:11
Китоби мазкур аз ҷониби Бобоев Р., Хоҷазода Т.А., Умаров У.С., Истамов Ф.Х., Комилов А. таълиф шудааст ва тавре аз номаш ҳам пайдост як китоби ёрирасон барои омӯзиши фанни физика дар синфи 8 мебошад. Муаллифон дар муқаддимаи он менависанд, ки фанни физикаро бидуни масъалаҳо тасаввур кардан ғайри имкон аст, зеро бо воситаи масъалаҳо тамоми ҳодисаҳо, равандҳо ва қонуниятҳои табиӣ шарҳу эзоҳ дода мешаванд. Ҳалли масъалаҳо тафаккури фикрӣ ва маҳорату малакаи амалии хонандагонро тақвият медиҳад. Китоби мазкур аз ҷониби Бобоев Р., Хоҷазода Т.А., Умаров У.С., Истамов Ф.Х., Комилов А. таълиф шудааст ва тавре аз номаш ҳам пайдост як китоби ёрирасон барои омӯзиши фанни физика дар синфи 8 мебошад. Муаллифон дар муқаддимаи он менависанд, ки фанни физикаро бидуни масъалаҳо тасаввур кардан ғайри имкон аст, зеро бо воситаи масъалаҳо тамоми ҳодисаҳо, равандҳо ва қонуниятҳои табиӣ шарҳу эзоҳ дода мешаванд. Ҳалли масъалаҳо тафаккури фикрӣ ва маҳорату малакаи амалии хонандагонро тақвият медиҳад. Масъалаҳоро дар ҳар гуна машғулиятҳо бо мақсадҳои гуногун, аз ҷумла барои гузориши проблема ва ба вҷуд овардани вазъияти проблемавӣ, ташаккули маҳорату малакаи амалӣ, санҷиши савияи дониш, такрори мавзўъҳои гузашта, мустаҳкамкунии дониш ва ғайра мавриди истифода қарор додан мумкин аст.
Дар таълими физикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нақши махсус доштани масъалаҳалкуниро ба назар гирифта, тақрибан сеяки вақти ба таълими физика ҷудогардидаро барои ҳалли масъала истифода мебаранд.
Озмоишҳои хонагӣ бошад, ин яке аз намудҳои фаъолияти таълимии хонандагон ба шумор меравад. Таҳти мафҳуми озмоишҳои хонагӣ чунин таҷриба ва мушоҳидаҳоеро фаҳмидан лозим аст, ки онҳоро хонандагон дар хона (ҳангоми тайёрӣ ба дарс) аз рўйи супоришоти омўзгор, ки ба маводи барномаи таълими мувофиқ аст, иҷро менамоянд.
Дар идома муаллифон гуфтаанд, ки тасмим гирифтем тавассути иншои дастури мазкур, қадре ҳам бошад ин мушкилоти онҳоро бартараф намоем. Боиси зикр аст, ки мавриди таҳияи дастури мазкур, мо бо баҳисоб гирифтани шароиту имкониятҳои муассисаҳои таълимии деҳот, аз маводи маҳаллӣ фаровон истифода намудем....
Китоб ба тозагӣ нашр шудааст ва ҳоло хоҳишмандон метавонанд онро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Файзиддин Қурбонов,
сармутахассиси шуъбаи маркетинг ва
менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.