Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллӣ 78 нусха китоби нав тақдим кард.
Аксари ин китобҳо тозанашр буда, зарфи 3-4 соли охир дар нашрияҳои гуногуни кишвар ва хориҷ аз он ба табъ расидаанд.
Бештари онҳо доир ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломатияи кишваранд, ки вазорат ройгон ба Китобхона ҳадя намуд.
Аз ҷумла,китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» (2012), «Саҳифаи нави дипломатияи тоҷик (2013)», “Сиёсати хориҷӣ” (2014 1/2), Ҳамрохон Зарифӣ «Таджикистан в системе обеспечения региональной безопасности ОБСЕ», «Дипломатияи Тоҷикистон дирўз ва имрўз (2009)» мебошанд.
Китобхонаи миллӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои ин туҳфаи пурарзиш, ки бидуни шак фонди китобҳоро ғанӣ месозанд ва мутолиаи он барои хонандагону пажуҳишгарон пурманфиат аст, изҳори қадрдонӣ намуд.