Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён дар нуҳ моҳи соли 2015
Нашр шуд 2015-10-14 18:29
Зарфи нуҳ моҳи сипаришуда 12 ҳазору 530 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд ва теъдоди ҳамаи муштариён дар ин боргоҳи маърифат ба 76 ҳазору 721 нафар расидааст. Шумори афроди нав ба узвияти Китобхона қабулшуда дар қиёс ба нуҳмоҳаи соли 2014 1074 нафар зиёд аст.
Теъдоди қабул ба узвияти Китобхонаи миллӣ зарфи нуҳ моҳи сипаришуда ба ин тартиб буд:
1. Хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ - 3072 нафар
2. Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон – 2243 нафар
3. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон – 1491 нафар
4. Хонандагони коллеҷҳо ва литсейҳо - 1034 нафар
5. Хонандаи муқаррарӣ - 794 нафар
6. Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон - 676 нафар
7. Донишгоҳи техники Тоҷикистон – 485 нафар
8. Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон - 380 нафар
9. Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон – 292 нафар
10. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон – 252 нафар
11. Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ - 209 нафар
12. Донишкадаи исломии Тоҷикистон – 163 нафар
13. Донишкадаи технологии Тоҷикистон – 154 нафар
14. Донишкадаи молия ва иқтисод - 137 нафар
15. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат - 130 нафар
16. Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон - 87 нафар
17. Донишкадаи идоракунии назди Президент - 118 нафар
18. Хориҷиҳо - 87 нафар
19. Донишкадаи санъати Тоҷикистон - 86 нафар
20. Довталабон - 63 нафар
21. Кормандони муассисаҳои давлатӣ - 55 нафар
22. Консерваторияи миллии Тоҷикистон - 45 нафар
23. Филиали Донишгоҳи Москва дар шаҳри Душанбе - 44 нафар
24. Омўзгорони донишгоҳҳои олии пойтахт - 41 нафар
25. Аспирантон - 40 нафар
26. МИСИС - 40 нафар
27. Донишкадаи Санъати тасвирӣ ва дизайн - 33 нафар
28. Вазорати мудофиа - 12 нафар
29. Маъюбон - 10 нафар
30. Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон - 6 нафар
31. Донишкадаи молия ва қарз - 5 нафар
32. Нафақахўрон - 5 нафар
33. Омўзгорони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ – 5 нафар
34. Китобхонаи маркази н. Ҳисор - 4 нафар
Дар ин нуҳ моҳ ҳамчунин 232 нафаре, ки ба иллатҳое корти узвияти худро гум карданд, дубора барқарор карда шуданд.
Дар ин муддат шумораи хонандагони ташрифоварда дар толорҳои хониш, толори электронӣ, толори маводҳои мусаббат, толори феҳриствораҳо, гўшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ 153557 нафарро ташкил дод, ки бо ҳисоби миёна дар як рўз 563 нафар ба Китобхона ворид шудаанд. Ин нишондод назар ба нўҳ моҳи соли 2014 37618 нафар зиёд аст. Шумораи умумии адабиёти пешниҳодшуда ба хонандагон 203573 нусхаро ташкил дод. Ба толори хониш дар тўли нўҳ моҳи соли ҷорӣ 53146 нафар ташриф оварданд. Миқдори диҳиши адабиёт дар ин муддат дар толори хониши муштариён ба 110565 нусха расид.