Бо ибтикори шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар толори тиб ва табиатшиносӣ чорабинӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии тандурустӣ доир гардид. Ширкаткунандагон дар бораи бемории диабет бештар суҳбат карданд.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 40 нафар донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Салима Раҷабова, ҷонишини Дирктори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ тани сиҳатро боигарӣ ва сарвати инсон номид ва гуфт, ки ҷомеа бо инсонҳои солим ҷомеа аст.
Доктори илмҳои тиб Юсуф Нуралиев дар бораи бемории диабет, сабабҳои пайдоиш, инкишоф ва роҳҳои пешгирии ин беморӣ суҳбат кард.
Бино ба гуфтаи профессор Нуралиев ҳамаи бемориҳо, аз ҷумла диабет низ роҳҳои пешгирӣ доранд.
Баъдан, мудири кафедраи валеология Ш.С. Сагдиева, сарвари бахши маълумотдиҳию библиографии Китобхонаи Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Моҳира Каримова суханронӣ намуданд ва доир ба ҷанбаҳои мухаталиф, шароити муолиҷаи он дар бемористонҳои кишвар, таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар барои дастрасии мардум ба доруҳо ва шароитҳои мусоиди табобати касалиҳое назири диабет суҳбат карданд.
Маврид ба ёдоварист сар аз соли 1950 дар олам рӯзи 7-уми апрел чун рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ таҷлил мешавад