Ёде аз Фирдавсӣ, Турсунзода ва Рӯзи ҷавонон дар намоиши китоб (Гузориши тасвирӣ)
Нашр шуд 2016-05-12 20:02
Зарфи чанд рӯзи Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллӣ панҷ намоиши китоб баргузор кардааст, ки аз он бештар 700 нафар хонандагон дидан кардаанд.
Намоиши аввал ба бузургдошти Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, бузургтарин ҳамосарои ҳар давру замон бахшида шуда буд.
Дар намоиши дуюм хонандагон бо ҳаёт ва фаъолияти устод Мирзо Турсунзода ошно шуданд. Ин намоиши китоб ба 105-умин солгарди таваллуди Қаҳрамони Тоҷикистон бахшида шудааст.
Ва бахшида ба Рӯзи ҷавонон низ толори хониш намоиши китобҳо ташкил кард.
Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи ҷаҳонии оила низ нмоишҳо ташкил карда шудаанд.
Ин панҷ намоиш ҳамоно дар толори хониши китоб вуҷуд доранд ва ҳоло ҳам хонандагон метавонанд аз он дидан кунанд.
Расмҳое, ки ҳамкорамон Хусрави Милод бардоштааст, ҳикоят аз ин се намоиши китоб мекунад.