То нимаи аввал моҳи декабри соли равон 20 ҳазору 549 нафар хонандагон ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 350 нафар зиёд аст. Аз ин теъдод 3716 нафарашон хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва 2658 тани онҳо хонандагони коллеҷҳо ва литсейҳо мебошанд. Дар миёни донишҷӯёни макотиби олӣ аз ҳама бештар донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ (1914 нафар) узви Китобхонаи миллӣ шудаанд.
Тибқи омори бахши бақайдгирии шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён аз оғози фаъолияти Китобхонаи миллӣ то ба имрўз ба узвияти Китобхона 104 ҳазору 12 нафар хонанда пазируфта шудааст. Аз ин ҳисоб 65% донишҷўёни мактабҳои олии пойтахт, 19,4% хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, 6,8% хонандагони коллеҷҳо ва литсейҳо, 1,6% хонандагони мамлакатҳои хориҷӣ, 1,4% хонандагони муқаррарӣ, 1,2% кормандони муассисаҳои давлатӣ, 0,9% аспирантҳо, 0,78% омўзгорони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, 0,65% омўзгорони донишкадаву донишгоҳҳо, 0,48 % бекорон, 0,45 % маъюбон, 0,44 % довталабон, 0,2%-ро кормандони Академияи илмҳо ташкил медиҳанд.
Соли равон ба узвияти Китобхонаи миллӣ (то 14. 12. 2016) 20549 хонанда пазируфта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 350 нафар зиёдтар аст. Имсол дар қиёс ба солиёни пеш донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ бештар аъзои Китобхона шудаанд.
Узвият дар Китобхона дар соли 2016 ба ин тартиб аст:
Хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ - 3716
Хонандагони коллеҷҳо ва литсейҳо - 2658
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 1914
Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон – 1834
Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон – 1440
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон – 1055
Хонандаи муқаррарӣ - 900
Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон – 638
Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон - 590
Донишкадаи технологии Тоҷикистон – 542
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон – 460
Донишкадаи молия ва иқтисод - 420
Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ - 411
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон – 362
Донишкадаи идоракунии назди Президент - 352
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат - 292
Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон - 241
Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн - 191
Филиали Донишгоҳи Москва дар шаҳри Душанбе - 187
Донишкадаи исломии Тоҷикистон – 171
Маъюбон - 126
Хориҷиҳо - 120
Кормандони муассисаҳои давлатӣ - 70
МИСИС – 63
Аспирантон - 59
Консерваторияи миллии Тоҷикистон - 57
Донишгоҳи давлатии Кўлоб – 21
Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа - 7
Академияи илмҳо -5
Академияи Вазорати корҳои дохилӣ -4
Донишгоҳи давлатии Хоруғ – 1
1642 нафар узвияти худро барқарор кардаанд