Рӯзҳои серхонандаи Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-01-25 17:03
Некрӯз Мансуров, мудири Шӯъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллӣ мегӯяд, танҳо як толори хониш ҳамарӯза то 600 нафарро қабул мекунад. Аз 2-уми январ то 18-ум ҳудудан 12 ҳазор нафар дар ин толор китоб хондаанд.
Некрӯз Мансуров бар ин назар аст, ки анҷоми нимсолаи аввали таҳсил ва омодагӣ ба имтиҳонот донишҷӯёнро бештар моили китобхона кардааст. Вай аз ҷумла гуфт: “Зиёда аз 65 дарсади донишҷўён муҳассилини Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон буда, ҳамзамон донишҷўёни Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи омўзгорӣ, Донишгоҳи аграрӣ, Донишгоҳи техникӣ зиёд омадурафт доштанд”.
Хонандагон дар ду даҳрӯзаи аввали моҳи январ хеле фаъол буданд ва Некрӯз Мансуров мегӯяд “баъзан вақте мо соати 7: 40 ба кор ҳозир мешавем, аллакай баъзе хонандагони мо моро мунтазиранд. Агар гўем, ҳамин шабу рўз аз соати 8 –и субҳ то 8-и шаб толор пур аз хонанда аст, хатто мешавад. Баъзан соат аз 20 мегузарад, вале хонанда нияти ба хона рафтанро надорад. Чун реҷаи кории шуъбаҳои хизматрасонӣ дар Китобхона дар фасли сармо аз соати 8-и субҳ то соати 8-и шабро фаро мегирад”.
Аз Некрӯз Мансуров пурсидам, ки оё метавонад омадурафти хонандагон дар январи имсол ва соли гузаштаро қиёс кунад? Посух дод:
-Бояд гўям, ки соли гузашта дар ин шабу рӯз мушкили чандоне надоштем, чун хонанда мисли имрӯз зиёд набуд. Аммо имсол афзудани теъдоди хонандагон дар аввалин моҳи сол кори моро ҳам мушкил кард. Вале шукр, ки шикоят надоштем, ба ҳама чун рӯзу моҳҳои дигар сари вақт хизмат расонида шуд, касе аз толорҳои хониш ноумед нарафт.
Бекмуроди Толибзод, ки аз ҷумлаи фаъолтарин хонандагони Китобхонаи миллист, мегӯяд шиквае аз шеваи хизматрасонӣ надорад ва ҳарчанд хонандагон дар толорҳои хониш зиёд буданд, вале мушкили дарёфти адабиёт надоштанд.
- Ман сараввал миннатдории хешро ба маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва кормандони он мерасонам. Ростӣ, дар ҳамин шабу рўз, ки теъдоди хонандагон хеле зиёд ба чашм мерасанд, новобаста бо ҳама мушкилӣ кормандони китобхона китобҳои дархостнамудаи моро бе мамоният ба мо дастрас менамоянд. Онҳо бо мо хеле ҳалиму меҳрубонанд. Агар дар умум гўем, бо хонанда кор кардан осон нест. Агар дар як рўз 1000 хонанда ба китобхона ояд, ҳар яки он ба худ як хислат дорад. Яъне, бояд табъу завқи хонандаро ба инобат гирифту бо ў муомилаи нек мебояд дошт. Ман бори дигар аз кормандони китобхона, ки пайваста дар хизмати хонандагон ҳастанд, сипосгузорам.
Бекмуроди Толибзод ҳамчунин бар ин назар аст, ки соли ҷавонон эълон шудани имсол аз ҷониби Пешвои миллат бояд ҷавононро водор кунад, ки ба боварӣ сазовор бошанд, яъне бештар омӯзанд ва донишманду ҳунарманд шаванд. “Пас, бояд мо ба дастгирии Сарвари давлат сазовор бошему ҳар як суханони он касро ҳамчун шиор дар зиндагии хеш пеша намоем. Барои ин, мо пеш аз ҳама бояд бештар ба китобхона омада китоб мутолиа кунему донишу фаҳмиши хешро мукаммал намуда, барои рушду нумўъи кишварамон бештар кўшиш ба харҷ диҳем. Мо ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пешрафти кишварамон ҳамеша кўшиш ба харҷ диҳем. Ва зиракии сиёсӣ маҳз аз хондан ба даст меояд.
Матлуба Ҳалимзода, як тани дигар аз хонандагони китобхона дар мавриди сатҳи хизматрасонӣ дар ин рӯзҳои пурхонанда гуфт: “Чун оғози санҷишу имтиҳонот ҳаст, ман ҳамарўза аз саҳар то шом дар Китобхона ҳастам. Ростӣ, барои ман аз китобхона дида ҳеҷ ҷо дигар чунин ҷойи бароҳат нест. Бубинед, дар ҳамин сардиву барфӣ ин ҷо гарму нарм, хуллас, ҳамаҷиҳата шароит фароҳам аст. Ман сипосгузор аз сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастам, ки барои мо ҷавонон чунин Китобхонаи барҳаво ва замонавиро сохта ба истифода додаанд то ки мо омада хонему оянда барои халқу ватани хеш содиқона хизмат кунем. Дар ҳамин шабу рўз, ки хонандаи китобхона хеле зиёд ба чашм мерасад, кормандони ин боргоҳи маърифат кўшиш мекунанд, ба ҳар яки мо хизмат расонанд”.
Фарзонаи МИРЗО