Ганҷинаи илму маърифат
Аз сабаби афзудани шумораи хонандагон, махсусан дар давраҳои имтиҳонот донишҷўёни зиёде ба Китобхона меоянд, инчунин барои фароҳам овардани шароити беҳтару мусоидтар дар Китобхонаи миллӣ толорҳои хониши иловагӣ – толори ҳуқуқ ва фалсафа ва толори хониши тестҳои имтиҳонотӣ ташкил карда шуд.
Китоб ақлу дили касро бо ҳиссиётҳои дўст доштани одаму ҷаҳон рўҳбаланд менамояд»
Максим Горкий.
Китобу китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст. Ин пеш аз ҳама қабули як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, таъсиси мағозаҳои китобфурўшӣ дар тамоми манотиқи кишвар, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳову фестивалҳои ҷумҳуриявӣ оид ба китобу китобдорӣ, нашри силсилаи китобҳои «Ахтарони адаб» иборат аз 50 ҷилд, силсилаи “Тоҷнома”-и Китобхонаи миллӣ, таҷлил «Рўзи китоб», бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, биноҳои нави китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошанд.
Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза ҳамчун сарчашмаи муҳими маънавию фарҳангӣ пайваста боло меравад. Сатҳи баланди хизматрасонӣ, роҳандозии технологияи муосири иттилоотӣ, харидории китобҳои тозанашр дар асоси омўзиши дархостҳои хонандагон, истифодаи ройгони шабакаи Интернет, таъсиси толорҳои соҳавӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, рўнамои китобҳо ва муоширати хуби кормандон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон боиси афзоиши теъдоди бештари хонандагон гардида ва сафи онҳо рўз то рўз меафзояд.
Барои ҷалби бештари хонандагон Китобхона бо Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи нависандагон, Кумитаи телевизион ва радио ва дигар муассисаҳо дар пиёданамоии як қатор лоиҳаҳо ҳамкории зич дорад. Дар худи Китобхона маҳфилҳои «Ҳамешабаҳор», «Дар суҳбати адиб», «Равшандилон» ва «Дастони моҳир» ба таври ҳамешагӣ фаъоланд.
Таъмини фазои муътадили мутолиотӣ ва пазироии хонандагон нишондиҳандаи асосии фаъолияти Китобхона маҳсуб меёбад, ки тавассути хизматрасонӣ ба муштариён ва дигар шуъбаҳои Китобхона ба роҳ монда шудааст.
Таҳлили фаъолияти бахши бақайдгирии шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён нишон дод, ки аз оғози фаъолияти Китобхона то ба имрўз ба узвияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон 170 ҳазор нафар хонанда пазируфта шудааст. Танҳо дар соли 2018 ба узвияти Китобхонаи миллӣ 21 286 хонанда пазируфта шуд.
Таъмини фазои муътадили мутолиотӣ ва пазироии хонандагон нишондиҳандаи асосии фаъолияти Китобхона маҳсуб меёбад, ки тавассути фаъолияти шуъбаҳои нигоҳдории адабиёт, хизматрасонӣ ба муштариён, абонементи байни китобхонаҳо, адабиёти хориҷӣ, адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ, нигоҳдории адабиёти депозитарӣ, рисолаҳои илмӣ, Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, матбуоти даврӣ, хизматрасонии библиографӣ, адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ, библиографияи миллӣ, марказҳоии иттилооти ҳуқуқӣ, тоҷикшиносӣ, забонҳо, дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, шуъбаи махсус ва дигар шуъбаҳои Китобхона ба роҳ монда шудааст. Шуъбаҳо бо истифода аз фонди асосӣ ва фонди ёрирасон талаботи хонандагонро ба манобеи чопӣ ва электронӣ қонеъ мегардонанд.
Дар соли 2018 шумораи хонандагони ташрифоварда ба толорҳои хониш, толори электронӣ, толори маводи мусаббат, толори феҳриствораҳо, гўшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ 472 800 нафарро ташкил дод ва ба ҳисоби миёна дар як рўз 1500 нафар мебошад. Шумораи умумии адабиёти пешниҳодшуда ба хонандагон 810 118 нусхаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 35 956 адад зиёд аст.
Аз сабаби афзудани шумораи хонандагон, махсусан дар давраҳои имтиҳонот донишҷўёни зиёде ба Китобхона меоянд, инчунин барои фароҳам овардани шароити беҳтару мусоидтар дар Китобхонаи миллӣ толорҳои хониши иловагӣ – толори ҳуқуқ ва фалсафа ва толори хониши тестҳои имтиҳонотӣ ташкил карда шуд.
Феълан нашрҳои электронии Китобхона дар ҳоли афзоишанд ва истифодабарандагон озодона аз онҳо баҳра мебардоранд. Роҳбарияти ин махзани маърифат ба тарбияи мутахассисони соҳа, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ва фарҳанги баланди хизматрасонӣ таваҷҷўҳи хос зоҳир менамояд.
Майсара Абдуллоева, сармутахассиси
шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни
Китобхонаи миллии Тоҷикистон