Силсилаи намоишҳои китоб, ки шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён баргузор кардааст

Дар моҳи июл Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон силсилаи намоишҳои китоб бахшида ба санаҳои гуногун доир кард.
Аз чумла, ба ифтихори сулҳ намоише баргузор намуд бо номи   "Рузи байналмилалии сулҳ". Дар он китобҳое ба намоиш гузошта шуданд, ки аз сулҳ ҳикоят доштанд. Аз ҷумла, аз сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллӣ дар кишвар.
Бахшида ба ҷаҳонгардӣ як намоиши дигар доштанд бо номи "Рузи байналмилалии туризм", ки чуноне аз номаш пайдост, ҳама китобу маҷалла ва мақолоти вобаста ба ҷаҳонгардиву сайёҳиро гирд оварданд ва ба маърази тамошо гузоштанд. Ин китобҳо бештар дар бораи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳикоят мекарданд.
Чун анъанаи солҳои пеш ин Шуъба бо роҳандозии як намоиши китоби дигар табибони кишварро ба иди касбиашон муборакбод кард ва ҳамзамон аз бойгонии Китобхона беҳтарин китобҳоеро, ки ба тибб алоқаманд буданд, манзури хонандагонаш намуд.
Ба  "Рузи гиромидошти Камоли Хуҷандӣ", шоир, ориф ва шайхи замон, "Рузи гиромидошти Мирзо Абдулқодири Бедил” низ ду  намоиши китобро ташкил кард, ки аз онҳо ёд мешуд. 
Ду намоиши китоби дигар бо номҳои  "Китоб - шиносномаи миллат" ва  "25 -солагии Истиклолият поянда бод"  низ доир шуд, ки  ба истиқболи  25-умин солгарди истиклолияти кишвар бахшида шуда буд.
Дар ин намоишҳои китоб ҳудудан 100 номгӯ китобҳо ба тамошо гузошта шуданд ва садҳо нафар аз он дидан карданд.