Дар нуҳ моҳ теъоди аъзои нави Китобхонаи миллӣ 11 ҳазору 100 нафар афзуд

Дар нўҳ моҳи  соли ҷорӣ ба узвияти Китобхонаи миллӣ 11 ҳазору 100 нафар хонандагон пазируфта шуданд.  То имрўз ба Китобхонаи миллӣ 94 ҳазору 758 нафар аъзо шудаанд, ки аксари онҳо донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи Тоҷикистонанд.
Фонди шуъба  зиёда аз 60133 нусха китоб иборат аст, ки аз инҳо зиёда аз 11835 нусха китоб бо забони тоҷикӣ ва боқимондааш бо забони русӣ мебошанд.
Дар тўли нўҳ моҳи сипаригашта кормандони шуъба дар толори хониш бахшида ба ҷашну идҳои давлатӣ ва бузургдошти шоирону адибони гузашта ва муосир, аз ҷумла бахшида рўзи «Артиши миллӣ», «Иди модарон», «Наврўзи аҷам», «Рўзи байналмиллалии оила», «105 солагии устод Мирзо Турсунзода», «135 солагии  қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум», «Иди меҳнаткашон», «Иди Ғалаба», «Рўзи байналмиллалии кўдакон», «Ваҳдати миллӣ» «Китоб шиносномаи миллат», «25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” гўшаҳои намоиши китоб ташкил намуданд. 
Ба толори хониш дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ  64479 нафар хонанда ташриф оварданд, ки ин назар ба нўҳмоҳаи соли гузашта 11333  нафар хонанда зиёд мебошад. Миқдори диҳиши адабиёт дар нўҳмоҳаи  аввал ба  73655  нусха расид, ки ин нисбат ба соли гузашта 36910 нусха адабиёт кам мебошад. Аз инҳо 44869 номгў адабиёт аз толори хониш ва 28786 номгў адабиёт аз Шуъбаи нигоҳдории китоб истифода шудааст.
Гуфтанист, ки Шўъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллӣ, яке аз шўъбаҳои асосии хизматрасонии библиографии хонандагон ба ҳисоб  меравад.  Вазифаи асосии шўъба ин ба қайди Китобхона ворид намудани истифодабарандагон ва хизматрасонӣ (хадамот), яъне  таъмини асосии талаботи информатсионии хонандагон барои хизмати китобӣ расонидан аз Шўъбаи китобнигоҳдорӣ, фонди ёрирасон ва фонди китобнигоҳдории асосии  Китобхона мебошад. Дар шўъба 26 - нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд.  Чор нафар дар бахши бақайдгирӣ ва ду нафар дар бахши адабиёти тиб ва табиатшиносӣ. Фонди шўъба аз  60 000  нусха китоб иборат аст, ки аксарияти онҳо бо забони русӣ мебошанд. Толори хониши Шўъба дорои 140 ҷои нишаст мебошад, ки 13-тои он худкор мебошанд.
Шўъбаи хизматрасонӣ чаҳор самти фаъолияти китобдорӣ: бақайдгирии хонандагон; кор бо хонандагон;  ҳифз ва нигоҳдории фонд; такмил ва баргузории чорабиниҳои тахассусиро ба танзим медарорад.
Дар назди Шўъбаи хизматрасонӣ се бахш: бахши бақайдгирии хонандагон; бахши кор бо хонандагон; бахши адабиёти тиб ва табиатшиносӣ  фаъолият менамоянд.
Ба ғайр аз ин, шўъба вазифадор аст истифодабарандагони ба Китобхона омадаро сабти ном карда, онҳоро бо қоидаҳои истифодабарӣ ва имкониятҳои Китобхона шинос намояд, ҳамчунин баҳисобгирии хизматрасониро пеш мебарад ва назоратро ҳангоми даромадан ва баромадан аз дохили шўъба амалӣ  месозад.
Такмили фонд ва таҳияи феҳрист низ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи шуъба мебошад.
Толори адабиёти тиб ва табиатшиносӣ, ки шомил ба Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён мебошад, дар тўли нўҳ моҳи соли ҷорӣ ба 11547 хонанда хизмат расонидааст, ки ин назар ба нўҳмоҳаи соли гузашта 2261 нафар хонанда зиёд мебошад ва онҳо аз 10728 адабиёти тобеъи ин соҳа истифода намуданд. Дар маҷмўъ ба толорҳои Шуъбаи хизматрасонӣ дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ 76026 нафар хонанда ташриф оварданд.        
шуд,  ки  аз онҳо  1510 нусха бо забони тоҷикӣ ва 331  нусха адабиёт бо забони русӣ мебошад. Ба Шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо  34  нусха адабиёти ниёз ба таъмирдошта супорида шуд  ва ҳамаи онҳо  аз нав барқарор  карда шуданд.
Бо ташаббуси кормандони бахшитиб ва табиатшиносӣ Шуъбаи хизматрасонӣчорабини бахшида ба Рўзи байналмилалии тандурустӣ доир ба бемории «Диабет» доир гардид.
Инчунин дар нўҳ моҳи сипаригашта аз тарафи кормандони шуъба як қатор корҳо ба сомон расид. Аз он ҷумла: фонди ёрирасони шуъба пурра ба ҳисоб гирифта шуд. Адабиёти фарсудашуда ва мазмунан кўҳнашударо аз фонди эҳтиётӣ бо тариқи санад (акт) ҷудо намуданд, ки ин ҳамаги 2702 номгу мебошад. Аз инҳо 2088 номгў адабиёт ба забони русӣ ва 614 номгу ба забони тоҷикӣ мебошад.

Муҳиддинова С,
Сардори шуъба