Шуъбаи хизматрасонӣ ба мўштариёни Китобхонаи миллӣ эълон кард, ки теъдоди хонандагони ин боргоҳи маърифат ба 90234 нафар расидааст.
Танҳо дар моҳи майи соли равон 774 нафар ба узвияти китобхона пазируфта шудаанд.
Ба Китобхонаи миллӣ дар моҳи май аз Донишгоҳи миллӣ 96 нафар ва аз Донишгоҳи тибии пойтахт 85 нафар аъзо шудаанд.
Дар ин моҳ аз ҷумлаи шаҳрвандони хориҷӣ 9 нафар ба узвияти Китобхона пазируфта шудаанд, ки 6 тани онҳо аз Русия, 1 нафар аз Афғонистон ва 2 нафари дигар аз Фаронса мебошанд.
Дар моҳи майи соли равон 10 ҳазору 100 нафар дар толори хониш 10 ҳазору 584 адад китоб хондаанд.
Шӯъбаи хисматрасонӣ ба муштариён дар ин моҳ чандин намоиши мавзуъии китоб ташкил кардааст. Аз ҷумла бахшида ба «Рўзи байналмиллалии кўдакон», ҷашни «75 солагии устод Лоиқ Шералӣ» ва ҷашни «Ваҳдати миллӣ» намоишҳои китоб баргузор кардааст ва даҳҳо нафар китобҳои дар рафҳои ин намоишҳо гузошташударо мутолиа кардаанд.
Тибқи анъанаи роиҷ ин шуъба моҳе ду маротиба намоиши китобҳои тозанашрро доир мекунад ва хонандагонро аз вуруди китобҳои тоза ба Китобхонаи миллӣ огоҳ месозад.
Толори адабиёти тиб ва табиатшиносӣ, ки шомил ба Шуъбаи хизматрасонӣ мебошад дар моҳи май ба 2535 хонанда хизмат расонида, хонандагон аз 1974 адабиёти соҳави фармоиш додаанд.
Шуъбаи хизматрасонӣ дар моҳи май аз Шуъбаи коркади адабиёт 357 нусха китоб қабул кардааст, ки аз онҳо 310 нусха бо забони тоҷикӣ ва 47 нусха адабиёт бо забони русӣ мебошад.
Дар ин моҳи сипаригашта кормандони шуъба зиёда аз 3600 нусха адабиёти мазмунан кўҳнашуда ва фарсудашударо аз фонди эҳтиётӣ санад намуданд.