Аз дирӯзи Китобхонаи миллӣ
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 110 номгўи нашрияҳои худро ба ҳаводорон пешниҳод намудаанд. Ин маводҳо бахшида ба Китобхона таҳти унвонҳои:
«Китобхонаи миллии Тоҷикистон» (Ақоиди асосӣ, муаллиф Р.Шарофзода, 1992);
«Китобхонаи миллии Тоҷикистон» (Ҷашннома, 1993);
«Консепсияи инкишофи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ то соли 2010” (муаллиф С.Муҳиддинов, 2001);
«Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Роҳнамо, муаллифон Ш.Тошев, Б.Каримзода, 2003);
«Коршиносони эҷодкори Китобхонаи миллӣ» (Маълумотномаи шарҳиҳолию библиографӣ, 2004);
«Ганҷинаи фарҳанг» (Ҷашннома бахшида ба 70-солагии таъсисёбии Китобхона, 2004);
«Нашрияҳои Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ» (Нишондиҳандаи библиографӣ, Солҳои 1983-2003, 2004);
«Коршиносони Китобхонаи миллӣ» (Маълумотномаи шарҳиҳолию библиографӣ, 2006); «Китобхонаҳои Тоҷикистон дар арафаи асри ХХ1» (Муҳтавои маърўзаҳои конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ (2000).
Ва боз: Асарҳои кормандони Китобхона Р.Шарофзода «Садриддин Айнӣ аз дидгоҳи библиографияи адабӣ» (1992), С.Муҳиддинов «Персидскотаджикская миниатюра и принципы ее библиографирования» (1999), дастурҳои методии «Ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ дар китобхона» (1991, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), «Наврўз муборак!» (2005), «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (2005), «Адибони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қисмҳои 1-2, 2006-2007), «Истиқлолият ҷавҳари асосии зиндагии миллат аст» (2006), «Нақши китобхонаҳо дар тарғиби тамаддуни ориёӣ» (2006), «Сулҳу Ваҳдат бахти миллат» (2007), «Соли 2008 – Соли бузургдошти забони тоҷикӣ» (2008), дастурҳои методию библиографии «Тавсияҳои методию библиографӣ барои китобдорони китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2000), «Нашъамандӣ – душмани ҷомеаи солим» (2001), «Асарҳои адибони муосири тоҷик дар хазинаи китобхонаҳои Тоҷикистон» (2002), «Об – манбаи ҳаёт» (2003), тавсияҳои методии «Тоҷикистон – соҳибистиқлол» (1993), «Тарғиби осори бебаҳои ниёгон дар китобхонаҳо» (1994), «Осори адибони муосири тоҷик дар китобхонаҳо» (1997), «Фарзанди бузурги халқи тоҷик» (Академик Бобоҷон Ғафуров, 1998), «Давлати бузурги бостонӣ» (Ба истиқболи 1100- солагии давлати Сомониён, 1998), «Истиқлолият дастоварди бузурги миллат аст» (2001), «Китобхонаҳои Тоҷикистон дар ибтидои асри ХХ1» (2001), «Тарғиби осори адибони муосири тоҷик дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ» (2003), «Садриддин Айнӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон» (2008), дастурҳои библиографии соҳавии «Захоири меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ дар шароити нави иқтисодӣ» (1992), «Иқтисоди бозаргонӣ» (1993), «Давлати бузурги Сомониён» (1999), «Авесто» - китоби муқаддаси зардуштиён» (2001), «Таърихи варзиши Тоҷикистон» (Ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 1997), «Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов» (2001), «Феҳристи нусхаҳои хаттии Китобхонаи миллии То¬ҷикистон» (Бо ҳуруфи арабиасос, А.Юнусов бо ҳамкории мутахассиси Эрон А.Баҳромиён, 2002), «Кўлоби бостонӣ» (2006), «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» (2007), «Танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007), «Коррупсия» (2007), «Сулҳу ваҳдат дар сарзамини тоҷикон поянда бод» (2007), дастурҳои тавсиявии библиографии «Муҳаммадҷон Раҳимӣ» (1991), «Абдусалом Деҳотӣ» (1991), «Сотим Улуғзода» (1991), «Гуфтор дар бораи Абул-қосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў” (1994), «Нусхаҳои хаттии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ» (1994), «Бузургони адабиёти классикии тоҷику форс: Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ» (2003), китобномаҳои шарҳиҳолии «Ислом Акрамович Ҷўраев» (1991), «Ҷамолиддин Тошматов – рўзноманигор, адиб» (1996), «Абдуллоҷон Юнусов» (1997, 2007), «Тилло Пўлодӣ» (1998), «Гулизори Гулназар» (2005), «Раҳимҷон Шарофов» (2005), «Ғаффор Валаматзода» (2006), «Китобшиносии осори Сафар Сулаймонӣ» (2008), «Шириншоҳ Шоҳтемиров» (2009), «Расул Ҳодизода» (2010), «Ҳилол Каримович Каримов» (2010), «Фарҳод Қобилович Зикриёев» (2010), «Ғанӣ Ҷўразода» (2011), «Адабиёти нав доир ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз соли 2006 то имрўз, ду шашмоҳа дар як сол) ва ғайра мебошанд.
Кормандони шуъбаи библиографияи миллии Китобхона дар даврони соҳибистиқлолии кишвар «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳамасола омода ва интишор ме-кунанд, ки басо муфиданд.
Боиси хушист, ки Китобхона имрӯз аз он имконе бархӯрдор аст, ки ба зудӣ талаботи иттилоотии хонандаро тавассути технология иттилоотии муосир қонеъ мегардонанд. Китобхона дар даврони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, ки ягон технологияи ҷадид надошт, пас тайи бист соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 65 компютер гашт. Ҳоло бештари ин компютерҳо (беш аз 50 садашон) бо шабакаи байналмилалии ИНТЕРНЕТ пайваст карда шудаанд ва хонандаи Китобхона ройгон аз он истифода бурда, маводи заруриашро пайдо мекунад ва талаботи иттилоотии худро қонеъ менамояд. Боқимонда компютерҳо барои пешбурди фаъолияти Китобхона (таҳияи барномаҳои мушаххас роҳи китоб, роҳи хонанда ва дархости ў, раванди коркарди адабиёт, созмондиҳии феҳристи электронӣ) истифода бурда мешаванд.
Китобхона барои ташкили феҳристи электронӣ соли 2000 ба кори худ шуруъ намуд ва то имрўз дар он 33 ҳазор китоб (аз соли 1992 то кунун) ҷой дода шудааст, ки хонандаи имрўза бо тезӣ на фақат номгўи адабиёти дилхоҳаш, балки матни беш аз чор ҳазор китобҳои нодирро тавассути компютер мутолиа карда метавонад.
Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар Китобхона тавассути маблағҳои «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» тавонист, ки 61 номгўи даст-хатҳои нодири нав, ба монанди «Девон»-и Абдулқодири Бедил бо дарбаргирии маснавии «Муҳити аъзам» дар ҳошия (асрҳои ХУ1-ХУ11), «Нодир-ул-меъроҷ» (маҷмўаи қиссаҳо, асри ХУ11), «Шарҳи фиқҳи Акбар» (асрҳои ХУ11 -ХУ11) ва ғайраҳоро (ба маблағи 35255 сомонӣ) харидорӣ намояд.
Соли 2005 «Барномаи рушди фаъолияти Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015» (дар ҳаҷми 1,3 млн. сомонӣ) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва он барои пешравии фаъолияти ин муассисаи фарҳангӣ мусоидат намуд.
Имрўз «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» зина ба зина дар амал татбиқ шуда истодааст. Барои самаранокии кори Китобхона татбиқи даҳ лоиҳа бо дастгирии молиявии Филиали Тоҷикистонии Институти Ҷомеаи Кушоди Фонди Мадад (хазинаи Сорос) ва ЮНЕСКО низ самар оварданд. Китобхона дар натиҷа бо технологияи иттилоотии муосир ба миқдори зарурӣ таъмин аст ва талаботи хонандагони худро ба иттилоот тавассути ин технология таъмин намуда истодааст.
Кормандони Китобхона дар бисёр намоишгоҳҳои китоби байналмилалӣ ва ватанӣ, ба монанди «Оби тоза - 2003» (ш. Ду-шанбе, 2003), «Соли 2006 - Соли бузургдошти Ориёӣ» (ш. Душан-бе), «1310 – солагии Имоми Аъзам» (2010), «Намоиши китобҳои Эрон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон» (бахшида ба рўзи байналмилаии Наврўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Намоиши байналмилалии китоби Эрон» (ҳамасола дар шаҳри Теҳрон), «Намоиши байналмилалии китоби Душанбе» (2011) ва ғайра саҳм гирифтанд.
Кормандони Китобхона дар 12 конфронсу семинар ва семинар тренингҳои мухталифи рўзмарраи байналмилалӣ иштирок намуда, бо қувваи худ дар Китобхона ва берун аз он 30 конфронси илмию амалӣ (назариявӣ), семинар ва семинар-тренингҳо, бо иштироки кормандони китобхонаҳои кишвар, таҳти унвонҳои «Китобхонаи миллӣ ҳамчун омили ташаккул ва рушди маънавиёти давлати мустақил» (Конфронси умумиҷумҳуриявӣ бахшида ба 60- солагии таъсисёбии Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ, 1993), «Фароҳамоварии хазинаи китобхонаҳои Тоҷикистон бо адабиёти миллӣ» (Конфронси ҷумҳуриявӣ, 2001), «Китобхонаҳои Тоҷикистон дар арафаи асри ХХ1» (Конфронси ҷумҳуриявӣ, 2000), «Абонементи байникитобхонавӣ (АБК) ҳамчун шакли нави хадамоти китобдорӣ дар шароити кунунӣ» (конфронси ҷумҳуриявӣ, 2002), «Китобхонаҳо дар марҳилаи ҷаҳонисозии (глобалитзатсияи) фазои иттилоотӣ» (Конфронси байналмилалӣ, 2004), «Китобхонаҳои Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи иттилоотӣ» (Семинари китобдорони китобхонаҳои ноҳияи Рашт, 2005), «Нақши китобхонаҳо дар тарғиби Ваҳдати миллӣ» (Семинари ҷумҳуриявӣ, 2007), «Нақши китоб дар тарғиби маънавӣ ва маърифатии ҷомеа» (Семинари директорони китобхонаҳои вилоятӣ ва мутамарказонидашудаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, 2006), «Вазъи кунунии фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон ва роҳҳои инкишофи минбаъдаи онҳо» (Конфронси илмию амалӣ бахшида ба 75- солагии таъсисёбии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ, 2007), «Фаъолияти методии китобхонаҳои Тоҷикистон» (Мактаби тобистона, бо дастгирии молиявии ФТ ИҶК ФМ (Хазинаи Сорос), 2005), «Фароҳамоварии хазинаи китобхонаҳои Тоҷикистон бо адабиёти миллӣ» (Конфронси ҷумҳуриявӣ, 2001), «Китобхонаҳо дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон» (конфронси ҷумҳуриявӣ, 2006), «Китоб рукни муҳими тамаддуни башарӣ» (Конфронси илмӣ-назариявӣ, 2008), «Татбиқи технологияи нави коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо» (Конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба соли маориф ва фарҳанги техникӣ, 2010), баргузор намуданд, ки онҳо барои муайяннамоии самтҳои асосии фаъолияти китобхонаҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онон, ташаккули тарзу усулҳои хадамоти китобдорӣ ва фароҳамоварии фазои иттилоотии Тоҷикистон мусоидат намуданд.
Кормандони Китобхона дар семинарҳои байналмилалии «Менеҷмент ва таъминоти фаъолияти ҳуқуқии китобхонаҳо» (Китобдорони китобхонаҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон, шаҳри Бишкек, 1997), «Идоракунии манбаъҳои электронии китобхонаҳо» (Уст-Каменогорск (Қазоқистон, 2003) ва ғайра низ саҳм гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки кормандони Китобхона барои самаранок пиёда намудани кори худ донишашонро ҳамасола такмил медиҳанд. Дар ин давра 28 нафар кормандони Китобхона ба кишварҳои ИДМ ва хориҷа барои баланд бардоштани дониши тахассусии худ сафар намуданд ва 12 курси такмили ихтисос, дар ҳудуди Тоҷикистон, бо кормандони китобхонаҳои кишвар ташкил карда шуд, ки 8-тои он тавассути саҳмгирии мутахассисони Китобхонаи миллӣ дар худи Китобхона сурат гирифт.
Ҳами тариқ, Китобхонаи миллӣ ҳамчун рукни давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму дониш ва китобхонаҳои кишвар барои ҳамоҳангӣ ва ҳамсонии фаъолияти онҳо, такмили дониши китобдоро ва дар амалия татбиқ намудани сиёсати китобдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳо дорад.