Кориз ё корез?
Дар Душанбе муассисае ҳаст, ки барои ҳар сокини шаҳр ошност: Корхонаи воҳиди давлатии обу корез. Шояд ин ном дар дигар шаҳрҳоямон низ бошад, чи бад зуд сироят мекунад ва ғалат сареъан интишор меёбад. Мо ба ин ном ду эрод дорем: дар мавриди эроди аввал, ки марбут ба «корхонаи воҳид» аст, қаблан ибрози назар кардем, ва аммо эроди дувум марбут ба «корез» аст, ки худ ду иштибоҳ дорад: аввал ин вожа на бо «ё»-и маҷҳул (е), балки бо «ё»-и маъруф навишта ва гуфта мешавад, яъне «кориз», аммо иштибоҳи дувум истифодаи вожа дар номи ин муассиса аст, ки номуносиб ва балки ғалат аст.
Кориз аз ихтироъоти бузурги муҳандисии аҷдоди мост, ки ба арабӣ «қанот» гӯянд. Шарҳи онро дар бештари фарҳангҳои тафсирии форсӣ метавон пайдо кард, аммо шарҳи муфассалтарро аз «Канали Тӯқсанкориз» ном очерки устод Айнӣ, ки соли 1940 таълиф шудааст, иқтибос мекунам: «Дар болои теппаҳои баланд ва қӯҳпояҳо чоҳҳои қатор мекананд, зери ин қаторчоҳҳоро сӯрох карда ба якдигарашон пайванд медиҳанд. Дар охири ин қаторчоҳҳо ба рӯи замини ҳамвор ҷӯи обе равон мешавад. Ин гуна сохтмони оббарори кориз ва ин гуна усули обёриро обёрии коризӣ меноманд.» Ба ин навишта метавон афзуд, ки оби кориз на танҳо барои обёрӣ, балки барои нӯшидан ҳам истифода мешавад.
Аммо «корез»-ро дар номи муассисаи мазкур бадали вожаи русии «канализатция» овардаанд, ки хилофи маънии аслии ин калима мебошад ва баробар бо он аст, ки «об»-ро «пешоб» биномем. «Канализатция» обҳои касифу гандаи ҳаммом, ҳоҷатхона ва зарфҳои шустаи ошпазхонаро хориҷ мекунад ва ба ҳеч рӯй наметавонад «кориз» тарҷума бишавад. Ҳамчунин вожаи «об» ҳам дар ин ном муаллақ ба назар мерасад.
Дурусттар ва фасеҳтар аст, агар ин «корхонаи воҳид» «Муассисаи обрасонӣ ва фозилоб» номгузорӣ бишавад.
Абдуқодир Рустам