Даҳгонаи қадимтарин китоб: “Девон"-и Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ
Ин китоб аз ҷумлаи қадимитарин китобҳои Китобхонаи миллӣ аст, ки таҳти рақами инвентарии 706 нигаҳдорӣ мешавад.
Чуноне аз номаш пайдост, муаллифи он Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, шоири тавонои форс-тоҷик, ки соли 817/1414 таваллуд шуда, соли 898/1492 дида аз олам барбастааст.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ на танҳо шоир, балки донишманди бузурги асри XV ба ҳисоб меравад. Аз рўи гуфтаи ҳамасронаш вай 54 асари илмӣ ва бадеӣ таълиф намудааст, ки бештари онҳо оид ба ахлоқ, фалсафа, тасаввуф, тафсир, фиқҳ, сарфу наҳви забони арабӣ, арўзу қофия, мусиқӣ, тарҷимаи ҳол ва ғайра мебошанд. Асарҳои илмиаш бошанд аз назму наср иборат буда, ба нақли жанрҳои гуногун навишта шудаанд.
Нусхаи хаттии таҳти рақами инвентарии 1339, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад, дастнависи мукаммал аст, вале бештари варақҳои он ҷои кирмхўрда, обрасида ва кўршуда дорад. Соли китобат – 933/1526 нишон дода шудааст. Макони китобат – номаълум. Котиб Алӣ бинни Абдураҳмон ал-Ҷомӣ. Ғазалиёт дар ду сутун бо тартиби алифбои арабӣ оварда шудааст. Навъи хаташ – настаълиқи бемисл. Қоғазаш абрешимини гуногунранг. Муқоваю шерозааш аз чарми сиёҳи намногир, семўҳрадор. Нусха дар дохили лифофаи зебои чарми сиёҳ ва бахмали кабуд нигоҳ дошта мешавад.
Аввалу охири ҷилд варақҳои холӣ дорад. Дар варақҳои 1, 2 лавҳи хело зебои тиллокоришуда буда, бо рангҳои ҳархела зиннат ёфта аст. Чунин лавҳаҳои таллокориро гирдогирди матни ҳамаи варақҳояш дидан мумкин аст.
Дар варақҳои 1, 249 мўҳри чоркунҷаи Абдулазизхоҷаи Ҳусайнӣ ва мўҳри куррашаклу нимдоира гузошта шуда аст. Ҳаҷмаш – 21 × 32,5. Ҳаҷми матн бидуни ҳошия – 7,5 × 15,5. 249 варақ. Дар ҳар рўи варақ 13 сатрӣ ҷой дода шуда аст.