Саҳифа-сафҳа-“саҳфа”

Ин ду калимаи ҳаммаъно ба сурати “саҳифа” ва “сафҳа” (صحیفه و صفحه) дуруст мебошанд вале “саҳфа”, ки дар навиштори имрӯзӣ зиёд ба назар мерасад ғалат аст ва дар матнҳои пешин ҳеч намунае барои он надорем. Дар фарҳангҳо, аз ҷумла “Фарҳанги Амид” ва “Фарҳанги Муин” “саҳифа” чунин маънидод шудааст: “Саҳифа (исм) нома, китоб, Мусҳаф (Қуръон); 2) варақ (коғази китоб); ҷамъ: саҳоиф, суҳуф; 3) рӯйи замин, ё саҳифаи теғи саҳар яъне рӯшноии субҳи козиб; саҳифаи зар офтоби оламтоб 2. рӯйи зард 3.баргҳои хазондида. 4. рухсораи ошиқ (Муин). Нома, варақи китоб, китоби кӯчак, рӯзнома.(Амид).” 
“Сафҳа. Канораи чизе, ҷониб; 2) рӯя, сатҳ; 3) чеҳра, сурат; 4) як сӯйи варақи коғаз; 5) сафҳаи громофун (он чи ба тоҷикӣ қарта гӯянд) (Муин); Рӯя, сатҳ, рӯи чизе, як рӯй аз ҳар барги китоб (Амид).”
Тавре аён аст, дар асл саҳифа ва сафҳа маънои зиёд доранд ва вақте кор ба маҷозу кинояву истиора оид мешавад, маънои он дигар бе ҳадду канор аст ва дар каломи бадеъ аз он метавонад мазмунсозиҳои бешуморе сурат бигирад ва ҳар чизе ки ба сурати айнӣ ё тасаввурӣ метавонад замина ва сатҳе дошта бошад, метавонад бо саҳифа иртибот ёбад. Мисли саҳифаи ҳастӣ, саҳифаи дил, сафҳаи хотир, сафҳаи хаёл, сафҳаи андеша, саҳифаи хок, саҳифаи санг, саҳифаи дарё, сафҳаи осмон ва... бениҳоят. Ба ин маъно метавон аз шавоҳиди шеърии мавҷуд пай бурд, ки мунтахабе ин ҷо нақл мешавад:

Саҳифа:
Чи ҷойи шукру шикоят зи нақши неку бад аст,
Чу бар саҳифаи ҳастӣ рақам нахоҳад монд.
(Ҳофиз)
Баҳри аҳбоб бар саҳифаи даҳр
Нуктае чанд ёдгор навишт.
(Ҷомӣ)
Холи ту бар оташин саҳифа
Панҷ ояти анбарин нависад.
(Хоқонӣ)
Сафҳа:
Чун қадар нақши коинот кунад,
Дафтараш сафҳаи яқини ту бод.
(Анварӣ)
Ба шарҳи сафҳаи рӯят китобҳо созам
Вагарчи рӯй зи ман чун варақ бигардонӣ.
(Сайфи Фарғонӣ)
Аз тамоми навиштаҳои башар,
Ки нависандааш худодод аст,
Беҳтарин сафҳае, ки ман хондам,
Сафҳаи рӯйи одамизод аст.
(Лоиқ)
Осмон ҳамчу сафҳаи дили ман
Рушан аз ҷилваҳои маҳтоб аст.
(Фурӯғи Фаррухзод)

Рустами Ваҳҳоб