Толори маводҳои мусаббат (аудио видеоӣ)
Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз шуъбаҳои махсусгардонидашуда аст, ки ба муҳаққиқону дӯстдорони фарҳангу ҳунар хизматрасонӣ мекунад. Шуъба аз соли 1977 фаъолияташро оғоз намудааст, аммо баъд аз ифтитоҳи бинои нави китобхона, фаъолияти он мутобиқ ба талаботи муосир ба роҳ монда шуд.
Феълан дар баробари толори хониши шуъба, боз толори электронӣ бо номи «Толори маводҳои мусаббат (аудио-видеоӣ)» дар ихтиёри хонадагон гузошта шудааст. Толори маводҳои мусаббат бо 30 компютер таҷҳизонида шудааст, ки дар онҳо филмҳои истеҳлоли “Тоҷикфилм”, китобҳои гӯё, мусиқиҳои суннатӣ аз қабили “Шашмақом”, “Фалак”, “Гуруғлӣ” ва филмҳои мустанад, ки аз рӯзгори чеҳраҳои илму фарҳанги тоҷик қисса мекунанд, пешкаши хонадагон карда шудааст. Ҳамзамон, оҳангҳои офаридаи бастакорони тоҷик ва ганҷинаҳои санъати мусиқии ҷаҳон сабт карда шудаанд. Ҳамарӯза аз ин толор даҳҳо нафар истифода карда, ғизои маънавӣ мебардоранд ва аз фарҳангу адаб, таърихи мусиқӣ, театру кино огаҳӣ пайдо мекунанд. Ҳамчунин, толори хониши шуъба дорои 20 ҷойи нишаст буда, ҳамарӯза хонандаҳоро ба китобҳои лозимаашон таъмин менамояд.
Имрӯз фонди Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 2 665 пластинка ва диск, 2 734 пиеса, 65 Энсиклопедия, 1 680 нота ба забони тоҷикӣ, 6 300 нота ба забони русӣ ва аз 3 208 китоб доир ба фарҳанг ва ҳунар иборат мебошад. Аз ҷониби кормандон шуъба ҳар сол дастури библиографӣ бо номи «Адабиёти нав доир ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва нашр карда мешавад, ки ин метавонад барои муҳаққиқон ва хонандагон чун дастури ёрирасон хизмат намояд.
Шуъба аз 28 ҷойи нишаст иборат аст.
Бо Шуъба аз тариқи телефони 918-26-80-92 метавон дар иртибот буд.
Реҷаи корӣ: рӯзҳои сешанбе – шанбе: аз соати 8:00 то 5:00