Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. КИТОБҲОИ КӮЧАК

Дар шўъбаи дастхатҳо ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон дохили қуттичае китобчаи кўчак бо пурбинаш нигоҳ дошта мешавад. Тахмин карда мешавад, ки ин китобча дар шаҳри Қазон аввалҳои садаи ХХ чоп шудааст. Муқоваи китобча аз чарми сурхи гулдор саҳҳофӣ шуда, қоғазаш сафедчаи тунук мебошад. Гирдогирди шерозааш зарҳалбандист. Андозаи ҳаҷмаш 1 х 1,5 сантиметр аст. Ин китобча «Қуръон» буда, тавассути пурбин қироат карда мешавад.

***   ***   ***

Дар ҷаҳон интишори аввалин китоби кўчак охирҳои садаи ХV аз ҷониби ношири венесианӣ Алдо Манутси шурўъ шуда буд. Садои ХVII ноширони ҳолландӣ-бародарон Эльзевир «Маҷмўаи номаҳоро» дар ҳаҷми 65х45 миллиметр интишор карданд. Китобҳои кўчак пас дар Фаронса, Итолиё, Швейтсария, дертар дар Англия, Олмон, 200 сол қабл дар Русия пайдо шуданд. Санъати чопи китобхои кўчаки  ҳозира бошад, хеле шавқовару рангин мебошад. Китобҳои кўчаки ҳозира мазмунан соҳаҳои ҷамъиятӣ - сиёсӣ, табиатшиносӣ, бадеӣ, ҳар гуна луғатҳо, феҳристҳо, маҷмўаи харитаҳои ҷуғрофӣ ва ғайраро дар бар мегиранд . Ба гуфтаи коллексионери номӣ  Янки Дъюли (сокини Маҷористон) соли 1976 дар 137 чопхонаи ҷаҳон китобҳои кўчак чоп шудааст.

***   ***   ***

Дар китобхонаҳои бостонии Матенадаран (Ереван) китоби хурдакаки дастнавис маҳфуз дошта шудааст. Китобча соли 1434 бо забони арманӣ таълиф шудааст. Вай барои тоҷирон бахшида шуда, номаш ҳам «Тақвими тоҷирон» аст. «Тақвими тоҷирон» 30х40 миллиметр андоза дорад.

***   ***   ***

Соли 1490-ум дар Милан бо унвони «Наставление св. Бенедикта» китобчае интишор ёфта буд. Андозаи баландии вай 65 миллиметрро ташкил медод. Он давра китобчаи мазкур тааҷҷубовар ва яке аз китобчаҳои хурдтарин ба шумор мерафт.

***   ***   ***

Соли 1788 дар Россия «Санъат - гуфтори дилхушӣ» ном китобча бо санъаткориҳои нафис ба табъ расида буд. Андозаи ҳаҷми ва 65х75 миллиметр буд.

***   ***   ***

Николай Авлович Смирнов-Сокольский дар китобаш «Ҳикояҳо дар хусуси китоб» навиштааст: «Дар осорхонаи кишваршиносии вилояти Запароже дар ғилофи  нуқрагин китобчаи «Назми Адам Митскевич» бо дурбинаш нигоҳ дошта мешавад. Рўи муқова пайкари Адам Митскевич ва навиштаҷоти ҷашни «Xашннома 1798-1898» сабт ёфтааст. Китобчаи шоири бузурги поляк Адам Митскевич дар Варшава (Лаҳистон) ба забони лаҳистонӣ интишор ёфта буд. Андозаи вай ба 29х19 миллиметр ва ғафсияш ба 10 миллиметр баробар аст.

***   ***   ***

Бисёр китобҳои аз ҷиҳати хаттотию саҳҳофӣ нодир дар дасти шахсони ҷудогонаанд. Ин китоби муқаддас ва машҳур «Қуръон»- и мусулмонон аст ва др шаҳри Гургони Мозандарон (Эрон) нигоҳ дошта мешавад. Соҳиби китоб донишҷўи донишгоҳи илоҳиёти шаҳри Гургон Ҳусайн Таваккалӣ мебошад. Таҳқиқотчиён дастнависи «Қуръон»-и мазкурро ба садаи ХV11  тахмин кардаанд. Андозаи вай 2,5 х 1,5 сантиметр баробар аст.

***   ***   ***

Китобчаи, ки диққати бисёр мухлисони худро ҷалб намудааст, соли 1896 дар шаҳри Падус бо теъдоди 6 нусха интишор шуда буд. Вай 477 саҳифа дорад ва дар ин саҳифаҳо 4000 калима ҷой дода шудааст. Китобча фикру зикри физик ва олими бузург Галилео Галилейро дар бар мегирад. Қаду бари ин китобча 16 х 11 миллиметр мебошад. Вазнаш 1,5 грам аст. Ҳоло ду нусхаи он дар Итолиё маҳфуз дошта мешавад.

***   ***   ***

Соли 1899 дар Варшава (Лаҳистон) достони А.С.Пушкин «Евгений Онегин»-ро дар ҳаҷми 28 х 18 миллиметр интишор карда буданд. Китобчаи мазкур бо пурбин таъмин буда, онро дар медалён (қутичаи хурдакаки мудаввар) ҷой додан мумкин аст.

***   ***   ***

Дар шаҳри Белград Исойа Стефанович ном шахс аз ҳисоби маблағи шахсии худ китоби хурдакакеро интишор карда буд. Китобчаи ў аз ҷиҳати матн ва саҳифа китоби хурдтарини олам ба шумор меравад. Онро ба як миҷҷа задан мутолиа кардан мумкин аст. Китобча ҳамагӣ ду калима ва ду саҳифа дорад. Матни китоб «Ҳанг! Нест!» мебошад.

***   ***   ***

Дар таърихи китобчопкунии Русия «Масалҳо»- и И. А Крылов мавқеи муносиб дорад. «Масалҳо»- и И.А. Крылов соли 1856 дар Петербург интишор гардидааст. Дар 86  саҳифаи он 25 «Масал» ҷо дода шудаанд. Шуҳрати «Масалҳо» пеш аз ҳама ба санъати баланди чоп алоқаманд мебошад.  Андозаи қаду басти «Масалҳо» 28 х 22 миллиметр мебошад.

***   ***   ***

Охирҳои садаи Х1Х дар шаҳри Лейпсиг ба забони олмонӣ китоби «Таврот»-ро интишор карданд. Андозаи ҳаҷми он ба 5х5 миллиметр баробар буд.

***   ***   ***

Дар шўъбаи дастхатҳо ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон дохили қуттичае китобчаи кўчак бо пурбинаш нигоҳ дошта мешавад. Тахмин карда мешавад, ки ин китобча дар шаҳри Қазон аввалҳои садаи ХХ чоп шудааст. Муқоваи китобча аз чарми сурхи гулдор саҳҳофӣ шуда, қоғазаш сафедчаи тунук мебошад. Гирдогирди шерозааш зарҳалбандист. Андозаи ҳаҷмаш 1 х 1,5 сантиметр аст. Ин китобча «Қуръон» буда, тавассути пурбин қироат карда мешавад.

***   ***   ***

Соли 1913 дар Англия нашри куллиёти пурраи В Шекспир дар ҳаҷми 40 ҷилд, куллиёти  Диккенс дар ҳаҷми 5 ҷилд, «Китобхонаи класикони англис» дар ҳаҷми 24 ҷилд ба анҷом расида буданд. Хамаи ин асарҳо китобчаҳои кўчак буданд ва ҳаҷми ҳар ҷилд ба 34х 42 миллиметр рост меомад.

***   ***   ***

Соли 1921 матбааи шаҳри Кинешма «Конститутсияи РСФСР»- роб о теъдоди 100  нусха дар  ҳаҷми 111 саҳифа интишор карда буд ва ҳаҷми вай 35 х 50 миллиметрро ташкил медод.

***   ***   ***

Соли 1953 дар намоишгоҳи китоби шаҳри Амстердам дар қатори бисёр китобҳои аз ҷиҳати саҳҳофӣ рангин китобчаеро намоиш дода буданд, ки андозаи вай аз маркаи муқаррарии почта даҳ баробар хурд буд.

***   ***   ***

Соли 1955 «Китобҳои аҷоиб» ном асари У.Г. Блюиентал бо забони англисӣ интишор шуда буд.. Блюментал дар асари худ оид ба бисёр нашрияҳои аҷоиб, аз ҷумла 12 китобчаи хурдакак ривоят мекунад. Ӯ мегуяд, ки нисбати ҳаҷми ин китобчаҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки 12 ҷилди онро дар як қошуқи таомхўрӣ ҷой додан кифоят мекунад. Соли 1957 маликаи Голландия Юлиада матбааи Заандамро тамошо карда буд. Кормандони матбаа маликаро пазирой намуданд. Ба малика ду китобчаеро тўҳфа карданд,ки 14 миллиметрӣ андоза доштанд.

***   ***   ***

Арафаи 50- солагии ташкилёбии Ҳокимияти Советӣ дар Туркистон маҷмўаи шеърҳои шоир ва мутафаккири садаи ХVIII-и туркман Махдумқулиро интишор намуда буданд. Дар маҷиўа, ки андозааш ба қутии гўгирд баробар аст, 20 сурат ҷой дода шудааст.  

***   ***   ***

Дар китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии (ҳоло миллии) Молдова дар қатори асарҳои нодир,ки муқоваҳояшон бо зарҳалу нуқра, сангҳои қимматбаҳо ороиш ёфтаанд, китобчаҳои кўчак ҳам маҳфуз буданд. Яке аз ин китобчаҳо асари А.С.Пушкин буда, онро матбааи «Кратя Молдавенско» дар ҳачми қутии гўгирд интишор намудааст.

***   ***   ***

Ноширони Xумҳурии Халқии Муғулистон соли 1976 китобчаи  кўчакеро таҳти унвони «Шасту панҷсолагии Сухэ Батор» дар ҳаҷми 29 х35 миллиметр нашр карда буданд. Муқоваи ин китобчаи кўчак дар пӯсти сурх, бо нақшбандиҳои зарҳалӣ саҳҳофӣ шудааст.

***   ***   ***

Дар Ҷопон чанд сол қабл китобчаеро чоп карда буданд, ки андозаи баландиаш ба 4 миллиметр, бараш 2,8 миллиметр ва ғафсияш 1 миллиметр  буд. Дар 24 варақи китобча 100 шеър сабт ёфтааст.

***   ***   ***

Нашриёти Ҷопон «Топпан» барои интишори китобчаҳои  кўчак борҳо соҳиби ҷойи аввали сатҳи байналмилалӣ гардидааст. Моҳи октябри соли 1980 нашриёти мазкур боз соҳиби ҷойи аввали байналмилалӣ шуд. Китобчаи  навбатии  «Топпан» бо теъдоди 250 нусха интишор  шуда, андозаи калониаш ба 1,4 х  1,4 миллиметр мерасид. Китобча 10 саҳифа дорад.  Муқовааш аз пўсти сиёҳи гўсфанд саҳҳофӣ шудааст.

***   ***   ***

Соли 1972 дар Будапешт «Қоидаҳои тайёр кардани таомҳо» ном китобчаеро чоп карданд. Китобчаи кўчак бо теъдоди ду ҳазор нусха дар ҳаҷми 193 саҳифа бо андозаи 41 х 58 миллиметр интишор шуд. Дар вай қойдаҳои тайёр кардани таомҳои мардумони Маҷористон сабт ёфтааст.

***   ***   ***

Китобчаи кўчакеро барои хотира  ва барои таомхўрони ошхонаи «Мархфелдер»-и Вена дар ҳаҷми 136 саҳифа бо андозаи 23 х 21 миллиметр интишор намудаанд. Дар вай тарзи тайёр кардани сад намуд таоми венагиҳо хотирнишон шудааст.                                                                                                                                                                                                         

***   ***   ***

Ибтидои соли 1950 дар шаҳраки Вусберги Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  китобчаи Умари Хайём дар  ҳаҷми 28 саҳифа интишор ёфта буд, ки андозаи вай ба 6,2 х 7,8 миллиметр рост меомад.

***   ***   ***

Китобчаи дигари  Умари Хайёмро дар Англия аз чоп бароварданд, ки 34 саҳифа дошта, андозааш 6,3 х 4,5 миллиметр аст. Муқоваи китобча аз марогени сурх сохта шуда, вазнаш 0,064 грам мебошад.

***   ***   ***

Ношири мюнхенӣ А.Валдман ба ноширони моҳир пайравӣ карда, силсилаи китобчаҳоеро интишор карда буд. Садҳо нусхаи ин қабил китобчаҳоро дар кафи даст ҷойгир кардан мумкин аст.

***   ***   ***

Дар осорхонаи матбаа шаҳри Майнс (Германия) китобчае ба намоиш гузошта шуд, ки матни он дар чаҳор  саҳифаҳои як миллиметрӣ ҷой гирифтааст.

***   ***   ***

Дар Монерад ЭКСПО-67 асарҳои шоирону нависандагони Украинаро намоиш дода буданд. Дар намоишгоҳ «Кобзар»- и Т.Г Шевченко ҷолиби таваҷҷўҳ буд. «Кобзар» 12 саҳифаи ҳар кадом 8 сатрӣ ва сурати Т.Г Шевченкоро дар бар  мегирифт. Ғафсии ҳуруфоти «Кобзар» 3,5 крон буда, 30 маротиба аз тори мўй бориктар аст. «Кобзар» - ро Николай Сергеевич Сядристий зери пурбин ҳунармандӣ кардааст.

Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.

Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи

илмӣ ва тадқиқотӣ.

БОЗ ДАР ИН БОРА:

«Эпиграммы»: Хурдтарин китобе дар бойгонии Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ

Китобҳои хурд: аз дирӯз то имрӯз