Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. КИТОБ - БАРГ ВА ҒАЙРА

Дар ҷониби мағрибии шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон вайронаҳои Кампиртеппаи қадим воқеъ аст. Кампиртеппа шаҳри азими давлати Бохтар буд. Бунёди вай ба садаҳои III-II-и пеш аз мелод мансуб аст ва то садаи II-и мелодӣ ободу ороста буд. Барои таҳқиқи ин шаҳри вайронаи кўҳан тобистони соли 1982 ҳафриёти археологӣ гузаронида шуда буд. Заҳмати археологҳо зоеъ нарафт. Онҳо аз зери деворҳои фурўрафта бисёр нишонаҳоро аз рўзгори одамони қадим дарёфт карданд. Дар байни бозёфтҳо осори хаттӣ ҳам буданд. Таҳлилҳои лабораторӣ нишон доданд, ки ҳуҷҷатҳои хаттӣ осори бохтариҳоянд. Онҳо ба садаҳои I-II-и милодӣ таалуқ доранд. Бозёфтҳои хаттии бохтариҳо дар барги дарахти нахл бо ранги сиёҳи хушхат навишта шудаанд.

***  ***   ***         

Миёнаҳои солҳои 1960 коргарони яке аз совхозҳои ноҳияи Байрамалии Туркманистон замин ҳамвор мекарданд. Коргарон аз зери замин кўзаи сафолинеро дарёфт карданд. Дар кўза бандчаи фишорхурдаи барг ёфт шуд. Бандчаи барг ба Институти мардумони  Осиё (шаҳри Ленинград) фиристода шуд. Таҳқиқотҳо муайян карданд, ки бандчаи барг саҳифаҳо аз осори ҳиндуён буданд. Навиштаҳои дар барги хурмо сабтшуда, ба садаи V мелодӣ мутаалиқ буданд.

***  ***   ***         

Дар осорхонаи Британияи Кабир (Лондон) китоби қадимаи будоиҳо нигоҳ дошта мешавад, ки дар 236 барги дарахти хурмо таълиф шудааст.

***  ***   ***         

Одамони қадим  бахши таълифоти китобҳо, навиштани номаҳо ва ҳуҷҷатҳои расмӣ пўсти дарахтро ҳам истифода бурдаанд. Ин гуна осор каму беш то рўзҳои мо расидаанд. Ҳоло дар китобхонаи Академияи фанҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ (ш.Москва) нусхае аз китобҳои олами қадим нигоҳ дошта мешавад, ки дар пўстлохи дарахти тўс таълиф ёфта зебу зинати аҷоиб дорад .   

***  ***   ***         

Соли  1963 ба осорхонаи Британияи Кабир (Лондон) китоби қадимаеро тўҳфа карданд. Таҳқиқотчиён ба он «Китоби хомўш» ном додаанд. «Китоби хомўш» таърихи ғароибе дошта, се ҳазор сол дар яке аз сағонаҳои сангини соҳили дарёи Нил хобида будааст. 

***  ***   ***         

«Таврот» китоби муқаддаси яҳудиён мебошад. «Таврот» - и қадимтарин дар садаҳои VII-VI пеш аз  милод бо забони қадимаи яҳудиён ва қисман ромӣ таълиф шудааст. Садаи III пеш аз милод «Таврот» бо мадади Птоломей II (Миср) ба забони юнонӣ тарҷума шуда буд. Тарҷумаи юнонии «Таврот»-ро «септуагинта» меномиданд, ки маънояш «ҳафтод»  мебошад, зеро дар тарҷумаи «Таврот» 72 нафар тарҷумонҳо иштирок намудаанд. 

«Таврот»-и навтарин садаҳои I-II - и мелодӣ ба забони юнонӣ таълиф шудааст. Дар таҷрибаи нашрияҳои чопии ҷаҳонӣ «Таврот»-и муқаддас нуфузи калон дорад. Фақат соли 1981 нусхаҳои мукаммал ва китобҳои алоҳидаи вай 202 маротиба ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ  ва ғайра  интишор ёфтааст.

Соли 1945 зумрае аз бошандагони Луксора (ҷанубии Миср) замин меканданд. Онҳо ба чизе дакка хўрданд, пас заминро ҳалқавор кофтанд. Кўза намудор шуд. Онро бо эҳтиёт бароварданд. Дохили кўза даста-даста дастнависҳо хобида буданд. Таҳқиқотчиён қисме аз ин дастнависҳоро ба садаҳои IV-III-и пеш аз милод мансуб донистанд.  

***  ***   ***        

Дар маҳалли Мавандўӣ, қисмати шарқии Хунани Чин, ҳафриёти археологӣ мегузашт. Дар ин ҳафриёт археологҳо лўлакитоби абрешимиро дарёфт карданд. Аз рўи таҳқиқотҳо лўлакитоби мазкур маълумотномаи тибби Чин будааст. Вай садаҳои пеш аз милод таълиф ёфта, дар он воситаҳои табобатӣ, аз ҷумла сўхангузаронӣ ва рўйхати набототи шифобахш сабт гардидааст.

***  ***   ***         

Китоби қадимтарини донишҳои кимиёвӣ «Китоби тағйирдиҳӣ» номида мешавад. Муаллифи ин китоб олими Хитой Вай-По-Янг мебошад. E дар садаи II-уми мелодӣ зиндагӣ кардааст.   

***  ***   ***         

Ҳангоми ҷустуҷў археологҳои Миср аз харобазорҳои мавзеи Бени  Сеэф анҷомҳои рўзгори ба маросимҳои динӣ хос ва китоберо дарёфт карданд. Китоб 490 варақи ҳарранга дошт. Вай аз рўи санҷиш «Таврот»- и муқаддас будааст. Cанаи таълифоташ соли чаҳорсадуми милодӣ мебошад.

 ***  ***   ***         

Дар рўи ҳавлии мадрасаи Бибихонуми шаҳри Самарқанд болои суффа  ду санги нигорин бо ҳам муқобил гузошта шудаанд. Баландии ҳар кадоми ин сангҳо 2 метр ва дарозиашон 2 метру 25 сантиметр аст. Меҳмонон, сайёҳон ва онҳое, ки ба тамошои шаҳри бостонӣ меоянд, мадрасаро ҳам тамошо мекунанд. Ба сангҳои суффа назар меафкананду ривояти ин сангҳоро мешунаванду ба вуҷуд меоянд.

Китоби боҳашамате дар Самарқанд ба андозаи дарозии ҳамин сангҳо вуҷуд доштанд. Онҳое, ки хоҳиши кироати ин китоб мекарданд, аввал китобро болои сангҳо мегузоштанд ва пас сари баландӣ нишаста, қироат мекарданд. Ин китоб дар давраи тохтутозҳо нопадид шудааст. То имрўз дар кадом китобхона, осорхонаҳои дунё маҳфуз будани онро касе  намедонад. Мабодо, ки абадан нобуд гардида бошад! Ва имрўз, ҳамчун нишон аз ин китоб. «Китобмонак»- и сангӣ боқист.

Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.

Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи

илмӣ ва тадқиқотӣ.