Мо ва Парчами мо

 Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ нангу номус,ватандустиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик маҳсуб ëфта,волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Парчами миллӣ ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум  баҳри  ободию осудагии кишвари  зебоманзарамо,ҳаммароми  “Дирафши Коваëн” бо тобиши се ранг:

 Ранги сурх-нишонаи муборизаҳои халқи тоҷик баҳри озодӣ,истиқлолият ва ваҳдати миллӣ

 Ранги сафед-нишонаи саодатмандӣ, сарбаландӣ ва хушбахтии мардуми шарафманди тоҷик аст, ки соҳиби таърихи бою пурғановат ва фарҳанги барҷаста мебошад.

 Ранги сабз - маънои табиати зебои Тоҷикистон аст, ки пур аз сарсабзӣ, баҳорони шукуфо, куҳсорони сарбафалаккашидаи сабздомон дорад ва  кишвари воқеан ҳам саропо хурраму обод.

 Дар мобайни Парчами Тоҷикистон нақши  “тоҷ”ва “ҳафт ситора*-и дурахшон инъикос ëфтааст, ки бори дигар аз суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ гувоҳӣ медиҳад.

 Бояд ëдовар шуд,ки парчами имрӯзаи мо бо тай кардани марҳилаҳои пурпечутоби таърихӣ, дар натиҷаи муборизаҳои беамони мардуми шарафманди тоҷик ба даст омадааст. Тавре, ки аз саҳифаҳои таърихи халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст,ки ӯ барои барҳам задани пояи беадолатӣ, зулму истисмор ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Дар “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ басо ҷолиб тасвир гардидааст. Парчам дар масири таърих мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати хосса доштааст .

 Парчаму парчамдории мардуми куҳанбунёди тоҷик аз замони Коваи оҳангар бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки аҷдодони мо дорои заковати  баланди давлатдорӣ, худшиносӣ  ва ҳувияти миллӣ будаанд. 

  Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами худ муаррифӣ мегардад. Имрӯз дар бинои СММ ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ дар қатори парчамҳои тамоми давлатҳои дунë парчами миллии мо низ парафшонӣ мекунад. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунëд, демократӣ ва босубот аст. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои ниëгонамон ва гузашта аз ин эҳтиром ба миллат, эҳтиром ба таърих ва эҳтиром ба давлату давлатдории тоҷикон ва арзишҳои миллии  он мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад.

 Дар охир аз ҳамсолони худ тақозои онро дорам, ки дар пос доштани арзишҳои миллӣ, муқаддасоти миллӣ ва таъриху фарҳанги кишвар саъю кушиш намоянд ва пеш аз ҳама соҳибхираду соҳибилм бошанд ва дар раванди ҷаҳонишавӣ  худшиносии миллӣ ва зиракии сиëсиро аз даст надиҳанд ва сазовори боварии Пешвои муаззами Миллат бошанд!!!!

Наргис Ёрова,

 донишҷӯи соли сеюми факултаи

 ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милии Тоҷикистон.

 
Барчаспҳо: