Падар ва фарзандони ў

Бегоҳӣ марди куҳансол бо ҳазор фикру хаёл ду писари баркамол ва духтари нуздаҳсолаашро сари дастархон гирд овард.

Оҳи чуқур кашид.

Дар ниҳоди худ қудрат меҷуст, то тавони ҳарф задан ёбад.

– Маҷбурам ба иттилои шумо расонам, ки модаратон бемор аст… рўзҳояш башумор мондаанд. Духтурҳо ба чунин хулоса омадаанд.

Касе дам назад.

– Кадом модарамон? – ниҳоят ҷуръат ёфт духтараш.

Чашмони бародаронаш низ гилаомез сўи падар дўхта шуданд.

– Модаре, ки ҳар яки шуморо нўҳ моҳ бештар дар батн гирифта гаштааст.

– Мо бе модар ба воя расидаем…

Марди куҳансол лол монд…

… Бештар аз чоряк сол, ҳарчанд дар як шаҳр мезистанд, модар боре ҳам ба суроғи фарзандон, ки овони тифлиашон аз домони хеш раҳо карда буд, наёмад. Напурсид, ки ҳолашон чун аст.

Саргарми зиндагии худ буд, гарчи осмонҳо дигар бор ба ў фарзандро лоиқ надонистанд.

Рўзи дигар назди падари зани бемор рафт, бидуни гапи зиёдатӣ ба дасташ як миқдор маблағ дод:

– Барои доруворӣ…

Аз байн ду ҳафта гузашту зан ғарқи дарду алам ин дунёро падруд гуфт.

Танҳо буд.

Танҳо мурд.

Мўйсафед боз фарзандонро назди худ хонд.

Хеле сукут варзид.

Ҳастияш ларзид.

Ғуборро аз танаш раҳонд.

– Модаратон фавтидааст… Пагоҳ ҷаноза…

Фазои хонадонро таваққуфи тому вазнин зер кард.

Ҷигарбандонаш ин дафъа лолу мим нагуфтанд, теғи нигоҳашон кунд тофт.

Рўзи дигар фарзандони марди куҳансол дар қатори авлодони камшумори зан истоданд…

Лаҳзаи андўҳ низ андаруни қалбашон оташи меҳр фурўзон нашуд.

Меҳри модар дар тинату табиаташон бармаҳал мурдаву бегона буд.

Гиристан он тараф истад, ҳатто ашк рехта натавонистанд.

Ҳангоми шом писарон аз падар пурсиданд.

– Чаро маҷбур кардед, ки дасти тобуташ гирем?

Падар рост ба қаъри чашмони писаронаш нигоҳ афканд.

– Намедонам. Шояд барои он ки дар дилатон гиреҳ намонад… Ҳоло, ки ҷавонед…

 

 

Шарҳе дар ҳошияи ин ҳикояи хурд:

Дар Олмон бо ташаббуси адибон ва ноширон Алида Бремер ва Майкл Крюгер китоби баргузидаи резаҳикояҳои нависандагони зиёда аз 50 давлати дунё дар шакли чопӣ ва электронӣ таҳти унвони «Нурҳои бобарор» ба забони олмонӣ интишор ёфт, ки дар он резаҳикояи нависандаи тоҷик низ ҷо шудааст.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба китоб собиқ Вазири корҳои хориҷии Олмони Федерол,  доктор Фрэнк Валтер Штайнмайер (ҳоло Президенти ин кишвар) сарсухан навиштааст. Барои ин хикоя дар ин китоб нависанда бо 200-эвра кадрдонӣ шудааст.

Дар зумраи навиштаҳои адибони кишварҳои гуногун Тоҷикистонро бо ҳикояҳои хурди нависанда Абдуғаффори Абдуҷаббор бо номи «Падар ва фарзандони ў» муаррифӣ кардаанд.

Ба зикри манбаъ, китоби мазкур минбаъд ба забонҳои дигари аврупоӣ низ тарҷума ва чоп мешавад.

 

 

Барчаспҳо: