Оғози Конфронси илмӣ-амалии “Илм ва об” дар Китобхонаи миллӣ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Конфронси илмӣ – амалии “Илм ва об” оғоз ба кор кард. Конфронс  бо тасмими Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ, Институти байналмилалии назорати захоири обӣ ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар Конфронс олимон аз кишварҳои дуру наздик ширкат доранд ва масоили вобаста ба мушкилоти об дар ҷомеаи байналмилалӣ ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин бораро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд. 

Ширкаткунандагон дар аввалин фурсат маърӯзаҳои Фарҳод Абдураҳмонов, Искандар Абдуллоев, Маркуз Кайзер, Клаудиа Садофф, Ян Кинг, Ҳикмат Муъминов ва дигаронро хоҳанд шунид.

Қарор аст дар поёни баррасии ҳар мавзуъ миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирад.

Барчаспҳо: