“Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об”

Дар доираи чорабниҳои ҳамоиши байналмилалӣ дар масоили об субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ чорабинии якрӯзаи   “Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об” доир гардид.

Анҷумани мазкур  аз 3 бахши асосӣ иборат будва дар он даҳҳо шарикони миллию байналмилалӣ, кӯдакон ва наврасон иштирок намуданд.

Зимнан, дар ин конфронс масъалаҳои таъмини об ва беҳдошт, инчунин таъсири он ба ояндаи беҳтар барои ҳар як кӯдак баррасӣ гардиданд.

Яке аз бахшҳои асосии Анҷуман баргузории намоишгоҳ аст, ки дар он 14 лоиҳаи беҳтарини озмуни ҷумҳуриявии “Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ” ба маърази тамошо гузошта шуд. Онҳоро духтарон ва писарони наврас бо мақсади дарёфти роҳу воситаҳои навоваронаи таъмини об ва беҳдошт тарҳрезӣ кардаанд.  

Иштирокдорон иртиботи таъмини об ва беҳдоштро бо инкишофи барвақтии кӯдакон зимни ҷаласаи ҷудогона бо ҳузури коршиносони ҷаҳонӣ аз Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин фаъолони миллӣ ва волидон баррасӣ карданд.

Дар ҷамъбаст ба се лоиҳаи беҳтарини озмуни “Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ” ҷоизаҳо тақдим шуданд.