Китоби нав: Ганҷи Ванҷ

Нависандаи вокеъиятнигор Зиёратуллои Назрулло ба таърихи миллат  таваҷҷуҳ дорад ва қаблан китобаш бо унвони «Решапайванд» пешкаши хонандагон гардида буд. Дар китоби мазкур аслан сухан мавриди таърих мерафт ва барои хонанда чолибтар ин аст, ки  ҳақиқат  руи саҳфа биёяд.

Дар китоби «Решапайванд» «аз гузашта ва имрўза ёдовар шуда,  таърихи пайванди хешу табории сокинони як гушаи зебоманзари кишвар бо хам» аз он ёдрас менамуд, ки: «Эй одамон, мо бо ҳам пайванди хуниву авлодиву забониву аждодӣ …дорем ва бояд бо ҳам дўст бошем ва ба кадри хамдигар бирасем»…

 Нависанда бо таҳия бо идеяи олимон энтограф (мардумшинос) ва таъринигорони рус, ки ба ин гӯшаи диёр сафар кардаанду бо бисёр одамон гуфтугў доштанд, қонеъ нашуда, худаш бо ашхоси зиёде суҳбат кардааст, то аниқтар бо шеъваи гуфтори онҳо ошно бишавад ва эшонро муаррифӣ намояд. Ин нишоне аз ватанхоҳӣ, милатдўстдорӣ ва ифтихор аз гузаштаи худ доштани муаллиф аст.

Зиёратшоҳи Назрулло (6.06.1944) зодаи деҳаи Усурохи Ванҷи пурганҷ аст. Ў филолог нест, рўзноманигорӣ касбӣ ҳам нест. Пас кист ў, ки ба китобнависӣ рў овардааст? 

Хатмкардаи донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода аст. Омўзгор асту мутриб. Фидоии маҳал ва диёру маҳалаш аст, мардумашро дўст медорад. Ин далелҳо сабаби он шуданд, ки қалам ба даст гираду дар бораи шеваи мардуми маҳалаш нависад, то ин гӯиши зебову таърихӣ бештар аз ҳар вақти дигар ҳифз шавад, на ки зери таъсири ҷаҳонишавӣ асолати худро аз даст диҳад. 

Шарофат Мирзоева, сармутахасcиси

Шўъбаи илмӣ ва тадқиқоти.