илмӣ ва тадқиқотӣ такмили адабиёт

Китоби нав: Ганҷи Ванҷ

Нависандаи вокеъиятнигор Зиёратуллои Назрулло ба таърихи миллат  таваҷҷуҳ дорад ва қаблан китобаш бо унвони «Решапайванд» пешкаши хонандагон гардида буд. Дар китоби мазкур аслан сухан мавриди таърих мерафт ва барои хонанда чолибтар ин аст, ки  ҳақиқат  руи саҳфа биёяд.

Дар китоби «Решапайванд» «аз гузашта ва имрўза ёдовар шуда,  таърихи пайванди хешу табории сокинони як гушаи зебоманзари кишвар бо хам» аз он ёдрас менамуд, ки: «Эй одамон, мо бо ҳам пайванди хуниву авлодиву забониву аждодӣ …дорем ва бояд бо ҳам дўст бошем ва ба кадри хамдигар бирасем»…