Хайрулло Раҳимов 5 январи соли 1925 дар деҳаи Кибили шаҳри Норак таваллуд ёфтааст. Педагоги тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ (1970), профессор (2004). Солҳои 1942–1948 муаллими ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Галаосёи вилояти Бухоро буд. Донишкадаи омўзгории шаҳри Бухороро хатм кардааст.
Солҳои 1962–1974 ҳамчун муаллим, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1974–1976 дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи марказии такмили ихтисоси муаллимон, 1976–1978 мудир ва муҳаррири қисмати педагогика, психология ва маорифи Энсиклопедияи Советии Тоҷик кор кардааст.
Солҳои 1978–1981 дотсенти кафедраи педагогикаи донишкадаи омўзгорӣ, 1981–1984 муаллими фанни педагогикаи Донишгоҳи Кобул буд. Солҳои 1984–2010 ҳамчун профессори кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Муаллифи 15 асар ва зиёда 100 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Бо медали «Барои меҳнати шоён» (1946), нишони “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1984), Ифтихорномаи Сафорати ИҶШС дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон (1984), ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст. Соли 2010 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи донишгоҳи омўзгорӣ. – Душанбе: Ирфон, 2011. – С. 326-327.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Хайрулло Раҳмиов ин матолибро ҳам метавонед пайдо кунед:
Таълими ҳаёт ва эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ дар синфи 10. – Душанбе: Маориф, 1984. – 32 с.
Шаклҳои кори берун аз синфӣ тарбияи атеистии мактаббачагон. – Душанбе: Маориф, 1987. – 60 с.
Традиции таджикского народа и их роль в подготовке старшехклассников к семейной жизни. – Душанбе, 1992. – 85 с.
Одобу рафтори оиладорӣ. – Душанбе: Маориф, 1992. – 32 с.
Педагогика: Китоби дарсӣ барои донишҷўёни факултаи педагогика ва дигар факултаҳои донишгоҳҳои омўзгорӣ. – Душанбе: Маориф, 2000. – 336 с.
Ҳикоятҳои бобои Хайр. – Душанбе: Матбуот. – 2001. – 112 с.
Гардиши айём. – Душанбе: Адиб, 2003. – 148 с.
Маҷмўи мақолаҳо доир ба педагогика. – Душанбе, 2004. – 200 с.
Армуғони бобои Хайр. – Душанбе: Матбуот, 2005. – 180 с.
Муқаддимаи ихтисоси омўзгорӣ (бо ҳаммуаллифӣ). – Душанбе: Ирфон, 2007. – 116 с.
Педагогика / Х. Раҳимов, А. Нуров. – Душанбе: Ҳумо, 2007. – 448 с.
Пандномаи бобои Хайр. – Душанбе: Аржанг, 2009. – 502 с.
Педагогика. – Душанбе: Ирфон, 2011. – 520 с.
Истифода бурдани материалҳои кишваршиносӣ ва эҷодиёти даҳанакии халқ дар таълими адабиёт: Аз таҷрибаи кории муаллими Институти педагогии шаҳри Душанбе Х. Раҳимов // Мактаби советӣ. – 1966. – №5. – С. 22-24.
Олими суботкор: Доктори илмҳои педагогӣ Иброҳим Обидов // Маориф ва маданият. – 1978. – 18 март.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.