Китобҳои нав

Китоби нави Пешвои миллат: «Уфуқҳои Истиқлол»

Бо ҳамин ном китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр шуд. Дар сарсухан омадааст: “...вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни “миллати куҳан ва давлати ҷавон”-ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо ҳамин аст”.

Таърихи Русия аз дидгоҳи як донишманди тоҷик

Интишороти «Контраст» китоби дарсии донишманди тоҷик Зафар Сайидзодаро бо номи «История России» аз чоп баровард.

Ҳадафи муаллиф бо забони содаву осон баёни таърихи мухтари кишварест, ки бо Тоҷикистон шарики стратегист. Талош шудааст хеле мухтасар ва хеле фаҳмо донистаниҳои лозимро дар бораи Русия, сиёсат, таърих, фарҳанг, илми он аз давраҳои куҳан то ба рӯзҳои мо гирд оварад, то ҳар касе онро варақ мезанад, ба содагӣ

Чопи китоби нав аз ибтикороти шоистаи Пешвои миллат

«Дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумуҳурии Тоҷикистон» - таҳти чунин унвон дар нашриёти «Контраст» - и пойтахт китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чоп баромад.

Мураттиб ва муаллифи пешгуфтори китоб мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода мебошад.

Нашрия дар ҳаҷми 366 саҳифа буда, аз маҷмӯаи  порчаҳо аз паёмҳои 

 

“Равобити адабию фарҳангии халқҳои тоҷик ва ўзбек»

Бо ҳамин ном ахиран нашриёти «Шарқи Озод» очерки илмӣ-оммавии академик Абдуҷаббор Раҳмонзодаро бо теъдоди ҳазор нусха ба нашр расонид.

Дар оғоз академик А. Раҳмонзода  ба он таъкид кардааст, ки «фарзандони бонангу номус ва соҳибмаърифати ин ду халқ тайи қарнҳо кўшиш кардаанд, ки дар зеҳну андешаи мардум хислатҳои неку ҳамидаи инсондўстӣ ва ҳамзистиро ҷой намоянд ва умр ба сар бурдан дар фазои дўстию рафоқатро тарғиб созанд. Махсусан, аҳли адаб аз ибтидо ба масъалаҳои мазкур диққати ҷиддӣ дода, тавассути осорашон ғояҳои дўстию рафоқат, бародарию баробарӣ ва ҳусни ҳамҷавориро тараннум намуда, бо ҳамдигар робитаи эҷодӣ ва аз осори ҳамдигар омўхта,

 

Маҳфили бузургон ба “Боқинома”

Ин китоб дар воқеъ маҳфили бузургонро мемонад. Аз оғоз то ба анҷом нухбагони фарҳанги миллат дар бораи фарзанди фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон марҳум Боқӣ Раҳимзода сухан ва аз рӯзгори адиби номвар хотироти хешро нақл мекунанд. Ва боз чӣ хотироте: омехта бо ширу шакар. Кас намехоҳад ин китоби аҷибро аз даст гузорад. Ҳар саҳифаи он як сарнавиштест, ҳар боби он як ҷаҳони маънои дигарест.

Мирзо Турсунзода мегӯяд “Боқӣ Раҳимзода яке аз шоироне мебошад, ки беҳтарин анъанаҳои назми ҳазорсолаи тоҷикро давом дода, онро ба рӯҳи муосирони мо мутобиқ мегардонад”.

Китоби нав: “Ташаккули афкори адабӣ дар асрҳои Х-ХI”

Устод Худоӣ Шарифзода, ки соли гузашта олами моро тарк гуфт, аз ҷумлаи донишмандони маъруфи кишвар буд, ки бо асарҳои пажуҳишии худ дар риштаи нақди адабӣ ва таърихи адабиёт шӯҳрати беназир дошт. Китоби “Ташаккули афкори адабӣ дар асрҳои Х-ХI” силсилаи мақолаҳои солҳои гуногун таълифкардаи адабиётшиноси маъруфро дар бар гирифтааст ва он бори аввал соли 1970, вақте устоди донишманд ҳамагӣ 33 сол дошт, чоп шуда будааст. Баъди реҳлати муаллиф бо ҳидояти Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода китоб дубора рӯи чопро дид.

Рисолаи мазкур аз муқаддима ва се боб иборат буда, ҳудудан 20 мақоларо дар бар гирифтааст. Дар боби “Мухтасаре аз таърихи

Страницы