Китобҳои нав

“Мушкистон” аз маҳфили “Ҳамешабаҳор”

Маҳфили адабиву фарҳангии шоири тоҷик Хайрандеш китоберо аз узви фаъоли ин маҳфил Синои Абуалӣ муаррифӣ кардааст. Китоб бо номи “Мушкистон” дар чопхонаи “Балоғат” чоп шудааст ва навиштаҳои тозаи адиби ҷавонро дар бар гирифтааст.
Хайрандеш дар сарсуханаш ба ин китоб Синои Абуалиро “навроҳае аз Некнот” номидааст ва навиштааст: “Синои Абўалӣ 30-юми сентябри соли 1978 дар деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент дар оилаи омўзгор ба дунё омадааст. Соли 1996 мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 13–ро дар зодгоҳаш ва соли 2001 Донишгоҳи озоди Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷкент)-ро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, алъон соҳибкори инфиродӣ дар шаҳри Чкаловск мебошад. Ҳамзамон, донишҷўи бахши филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ў оиладор буда, соҳиби 4 фарзанд –ду писар ва ду духтари дўстрўяк ҳаст.

Пажуҳиши арзишманд аз торихи китоб ва хат

Чун нависам васфи лаълат, нома гулбандӣ бувад,
Дафтаре бошад, агар коғаз самарқандӣ бувад.


Ин танҳо як байтест, ки ҳикоят аз қаламу китобу коғаз мекунад. Ин ин гуна байтҳову қитъаҳо, шеъру ғазал, ки китобу коғаз ва хату қаламро васф кардаанд, бешуморанд. Ин миллат аз қадим китобдору китобхон буд. Торихи аввалин китоб, чун ровии сарнавишти миллати форс реша ба ҳазорсолаҳои дур дорад. Торихе, ки бо вуҷуди навиштаҳову гуфтаҳои зиёд ҳамоно ногуфтаву нонавишта боқӣ мондааст. Ҳар пажуҳише дар ин самт сурат гирифтааст, ҳамоно ноқис аст, чун дар ҳар навишта мебинем, ки паҳлуҳои дигар ифшо мешаванд, аз зери чанги асрҳо китобҳои нав пайдо мешаванд, ки дар сабки нигоришу ороиш шигифтангезтар аз пешиниёнанд. Пас ин торихи хеле муассир...

Китобе, ки аз шумо даъват мекунем бихонед: «Бытие – симфония диссонанса»

Аз имрӯз дар сомонаи мо имкон доред бо китоби нави яке аз олимони пуркори кишвар Искандар Абдуллоев «Бытие – симфония диссонанса» ошно шавед.
Мухтасар дар бораи муаллиф
Искандар Абдуллоев зодаи шаҳри Душанбе буда, 26-уми марти соли 1949 таваллуд шудааст. Соли 1973 факултаи торихи Донишгоҳи давлатии Русия ба номи Ломаносовро хатм кардааст. Дар мавзуъи “Хислати торихии омилҳои субъективии инқилоби иҷтимоӣ” рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
Дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буд, дар кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва баъдан мудири маркази таҳқиқоти стратегии Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва робитаҳои байналмилалии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Торихи Русия: муҳоҷирони корӣ бояд аз ин торих чиро донанд?

Ин китобест аз торихи Русия, Русия  дирӯз ва
имрӯз ва барои он зумра аз ҳаммиллатони мост,
ки дар ин кишвар нони муҳоҷират мехӯранд.
Ҳукумати Русия дар танзими қонунҳои
муҳоҷирати худ донистани торихи ин кишварро
барои хориҷиён на танҳо муҳим донист, балки
яке аз шартҳои боқӣ мондани онҳо дар ин
қаламрав донист. Яъне, касоне, ки дар Русия
мехоҳанд иқомат кунанд, заҳмат кашанд, ризқ

Чопи китоби нави Рустам Ваҳҳоб: "ДУРУСТ БИНАВИСЕМ"

Китоби шоир ва  донишманди шинохтаи тоҷик Рустам Ваҳҳоб бо номи “Дуруст нависем” аз чоп баромад. Дар ин бора муаллиф дар саҳифаи худ дар Фейсбук иттилоъ дод.
Дар ин китоб шумори зиёди иштибоҳоте, ки ба такрор дар матбуот, таълифоти илмию бадеӣ ва гуфтори радиёву телевизион ба назар мерасад, баррасӣ гардидааст. Муаллиф шакли дуруст ва саҳеҳи калимаю ибораҳо, мавқеи корбурд ва тарзи баёни онҳоро тавзеҳ медиҳад.
Муаллиф бар ин назар аст, ки китоб барои адибони ва хабарнигорони ҷавон ва умуман алоқамандони омӯзиши амалии забон судманд аст. Маводи он ҳамчунин бо салоҳдиди устодон метавонад дар дарсҳои амалии забоншиносӣ, услубшиносӣ ва матншиносӣ чун дастури таълимӣ ва василаи иловагии омӯзиш

Страницы