Чор китоби тозанашри Саймумин Ятимов бо номҳои “Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ”, “Илм ва амният”, “Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт”, «Системный подход в теории и методологии исследования проблем экономической безопасности государства» ахиран вориди Китобхонаи миллӣ шуд ва ҳоло ба толорҳои хониш тақсим шудаву барои мутолиаи умум дастрас гардидааст. Ин чаҳор китобест, ки соли 2019 дар шаҳри Душанбе интишор ёфтаанд.
“Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ”
Китобест, ки аз муносибати шахс ва ҷомеа барои ба зиндагии воқеӣ, фаъолиятмандии иҷтимоӣ ва самарабахш омода кардани инсони фаъол, худкифо ва миллатпарвару ватандӯст ҳикоят мекунад.
Муаллиф дар сарсухани китоб менависад: “Тамаддуни миллати тоҷик собиқаи беш аз панҷҳазорсола дорад. Олимон, шоирон, навис андагон, умуман мутафаккирони мо дар таърихи илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ мавқеи сазовр касб кардаанд. Ихтироот, навоварӣ ва маҳсули андешаи онҳо ҳам дар илмҳои дақиқ ва ҳам дар илмҳои гуманитарӣ дастоварду ифтихори бузурги инсоният шинохта шудаанд. Чунин донишҳо маҳсули дар таҷриба санҷидашудаи назарияи ҳастӣ эътироф гаштаанд. Қудрати тавонои созандагӣ, хосияти осон кардани мушкилоти инсон ва ҷомеаро мадди назар доранд”.
Саймумин Ятимов дар идома менависад, ки “дар рисолаи мазкур баъзе паҳлуҳои ақидаҳои тарбиявии файласуфи машҳури асри XYIII ва аввали асри XIX-и немис Иммануил Кант (1724-1804), ки дар асари ӯ “Дар бораи педагогика” ифода ёфтаанд ва инчунин масоили субъекти сиёсӣ ва амнияти миллӣ мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор гирифтаанд”.
Ин рисола барои оммаи васеи хонандагон - олимон, мутахассисон, муаллимон, падару модарон, донишҷӯён ва шахсоне, ки ба масъалаҳои тарбияи инсон таваҷҷуҳ доранд, тавсия шудааст.
“Илм ва амният”
Чунин ном дорад китоби дуюми Саймумин Ятимов, ки ахиран дар интишороти “Ганҷ нашриёт” ба теъдоди 3 ҳазор нусха чоп шудааст. Дар муқаддима мехонем: “Мақсад аз ташкили давлат – муҳимтарин ниҳоди сиёсии ҷомеа таъмини амнияти шахс ва худи ҷомеа аст. Амният мафҳуми системавӣ мебошад. Сиёсат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, илм, маориф, фарҳанг ва тамоми ҷузъиёти самтҳои ҳаёти инсонро дар бар мегирад. Ба тарзи одӣ, сулҳ, субот, ваҳдат ва рушди устувори миллиро мадди назар дорад.
Бешубҳа шуури ҷамъиятиро ҳастии ҷамъиятӣ муайян мекунад. Аммо хулосаи мазкур мафҳуми умумӣ аст. Қонунмандимҳоро нишон медиҳад. Расидагии шуур ба чунин воқеъият дар масири рост ба даст намеояд”.
Ҳамчуноне дар идомаи муқаддима мехонем, мавзуи аслии китобро шинохти масъалаҳои таъмини амнияти давлат дар чаҳорчӯбаи илм, маърифат ва дарки манфиатҳои миллӣ ташкил мекунад. Барои хубтар ворид гаштан ба масъалаҳои матраҳгардида ва ҷамъбасти мантиқии онҳо ҳар қисмати китоб бо муқаддима ва хулосаҳои марбута оғоз ва анҷом ёфтаанд.
“Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт”
“Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт” китоби сеюмест, ки ахиран ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст. Дар ин китоб, ки аслан як рисолаи илмист, Саймумин Ятимов масъалаҳои муносибати илм ба адабиёт, зарурати таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардан ба қонунмандӣ ва категорияҳои диалектикӣ дар эҷодиёти муосир мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ин рисола ба олимон, адибон, адабиётшиносон ва оммаи васеъи хонандагон, ки ба мас ъалаҳои раванди шаклгирии ҷаҳонбинии миллӣ таваҷҷуҳ доранд, тавсия дода шудааст.
Китоб дар “Ганҷ нашриёт” соли равон ба теъдоди 3 ҳазор нусха чоп шудааст.
Чор китоби номбаршуда ҳоло барои хонандагони Китобхонаи миллӣ дастрасанд